Дунё ва охират



Алӣ Муҳаммадраҷаб

Ҳамоно зиндагии дунё монанди обе аст, ки аз осмон фурӯ фиристодем, то ба василаи он навъҳои гуногуни гиёҳони замин аз ончи одамҳо ва ҳайвонот мехӯранд бирӯяд. То он гоҳ ки замин аз хуррамиву сарсабзӣ худро зебо ва ороиш карда ва аҳли он (одамҳо) гумон кунанд, ки бар он қодиранд, ки ногаҳон фармони мо дар шаб ё рӯз бирасад ва он ҳама зебоии заминро дарав кунад ва чунон хушк шавад, ки гӯӣ дирӯз дар он сарзамин набудааст. Ин гуна Худованд нишонаҳои худро ошкоро барои аҳли фикр баён мекунад.” (Юнус/24)

Маънои дунё ва охират

Калимаи дунё, ё ба маънои “пасттар”, ё ба маънои “наздиктар” аст. Калимаи охират ба маънои “вопас” ва “пасин” ва ба чизе ки баъд аз аввалӣ меояд, гуфта мешавад.

Дар Қуръони Маҷид бар қиёмат ва олами пас аз марг “дорулохира” яъне “сарои охир” ва “явмулохира” яъне “рӯзи охир” гуфта шудааст, ва ин, бад-ин хотир аст, ки зиндагии дунё аввал, ва зиндагии охират пас аз он аст. Зиндагии дунёро ё ба ин хотир дунё мегӯянд, ки нисбат ба зиндагии охират пасттар ва ночизтар аст, ё ба ин хотир, ки зидагии дунё аз зиндагии охират ба мо наздиктар аст.

Дунё аз нигоҳи Қуръон

Дар баъзе аз оятҳои Қуръон дунё чунин баён шудааст: “Ҳамоно зидагии дунё монанди обе аст, ки аз осмон фурӯ фиристодем, то ба василаи он навъҳои гуногуни гиёҳони замин аз ончи одамҳо ва ҳайвонот мехӯранд бирӯяд. То он гоҳ ки замин аз хуррамиву сарсабзӣ худро зебо ва ороиш карда ва аҳли он (одамҳо) гумон кунанд, ки бар он қодиранд, ки ногаҳон фармони мо дар шаб ё рӯз бирасад ва он ҳама зебоии заминро дарав кунад ва чунон хушк шавад, ки гӯӣ дирӯз дар он сарзамин набудааст. Ин гуна Худованд нишонаҳои худро ошкоро барои аҳли фикр баён мекунад.” (Юнус/24)

Дар ин оят, дунё монанди сарсабзии фасли баҳор муаррифӣ шудааст, ки баъд аз муддати кӯтоҳе дар дигар фасл аз байн меравад; ба гунае, ки гӯӣ ҳаргиз сарсабз набудааст. Оре дунё ин гуна аст! Ва бо зебоии дурӯғин ва зудгузари худ инсони кӯтаҳбинро мефиребад ва чунин инсоне фикр мекунад, ки гӯё дунё ҳаргиз аз байн рафтанӣ нест, ё ягона дунёест, ки бояд фақат ба фикри ободии он буд. Ин гуна тафаккури ботил боис мешавад, ки одамӣ аз асли омадани худ ба ин дунё, ки ҷои имтиҳон ва мусобиқа ва талош барои расидан ба як зиндагии хуб ва ҷовид ва ҳамеша аст, ғофил шавад. Чунин инсоне мисли касе аст, ки масалан аз тарафи раиси ҷумҳурии кишвари худ ба яке аз кишварҳои урупоӣ барои як мусобиқаи муҳим рафта бошад, ки дар сурати баранда шудан ва бозгашт ба кишвар ба мақомҳои бисёр бузург мерасад. Вале ин шахс зебоии зоҳирии он шаҳрро - ки бояд чанд рӯзи дигар аз он ҷо биравад - бибинад ва ҳамаи вақти худро барои хӯрдани таомҳо ва истироҳат дар меҳмонхона бигузаронад ва аслан барои мусобиқа ва расидан ба он ҷоиза ва мақоми бузург, ки барои он ба ин ҷо омада буд, омодагӣ набинад.

Дунёи хуб ва дунёи бад

Ҳазрати Алӣ (к) шунид, ки касе дунёро бад мегӯяд, фармуд: “Чаро дунёро бад мегуӣ? Ту гунаҳкорӣ, вагарна дунё гуноҳе накардааст. Дунё ҳамаи хубиҳо ва бадиҳои худро ба ту нишон додааст; бемористон, гӯристон ва ҳодисаҳои сахту ногуворро нишон додааст. Агар дунё фақат хурсандиҳои ҷавонӣ, пулу сарват, роҳатӣ ва монанди онро нишон медод ва ғаму маргу бемориро нишон намедод, хиёнат карда буд, вале дунё бадиҳо ва хубиҳоро дар канори ҳам нишон додааст. Дунё ҷои ибодат ва бандагии дӯстони Худо ва ҷои намозгузории фариштагони Худо ва ҷои нозил шудани ваҳйи Худо ва ҷои бозаргонӣ ва тиҷорати дӯстони Худост, ки дар он раҳмат ва фазли ӯро ба даст меоваранд ва судашон биҳишт аст.”



1 2 next