Чаро ибодат?



Сайидюнуси Истаравшанӣ

Одам аз бебасарӣ бандагии одам кард,

Гавҳаре дошт, вале назри Қубоду Ҷам кард.

Яъне аз хӯйи ғуломӣ зи сагон пасттар аст,

Ман надидам, ки саге пеши саге сар хам кард.

(Аллома Иқболи Лоҳурӣ)

Яке аз ишколот ва шубаҳоти маъруф ба ибодатпешагон ҳамвора ин буда ва ҳаст, ки магар шумо мӯътақид нестед, ки Худо зоти бениёз ва ғанист, ки агар чунин аст, пас чаро бандагонашро амр ба парастиш ва ибодати хеш карда? Оё он зоти бениёз мӯҳтоҷи ибодоти мост?

Дар мақоми посух ба ин шубҳа, лозим аст дар оғоз арз кунам, ки Худои Мутаол ниёзе ба ибодати мо надорад, чун “Худо аз шумо биниёз аст”,(1) балки суди ибодат, ба худи парастандагон бармегардад. Ҳамчунон ки дарс хондани шогирдон ба нафъи худи онон аст ва суде барои муаллим надорад ва ҳамчунон ки хуршед ниёзе ба ин надорад, ки мардум хонаҳои худ рӯ ба он бисозанд ва ин мардум ҳастанд, ки барои дарёфти нуру гармо бояд хонаҳои худ рӯ ба хуршед бино ниҳанд, Худованд низ ба ибодати мардум ниёзе надорад, ки фармон дода намоз бихонед, балки ин мардум ҳастанд, ки бо рӯ кардан ба ӯ, аз алтофи хосси илоҳӣ бархӯрдор мешаванд.

Қуръон мефармояд, агар ҳамаи мардум кофир шаванд, заррае дар Худованд асар надорад, зеро ӯ аз ҳамаи инсонҳо бениёз аст. Аз забони ҳазрати Мӯсо (а) мефармояд: “Агар шумо ва ҳар кӣ дар замин аст, ҳамагӣ кофир шавед, ҳамоно Худованд бениёз ва сутуда аст.”(2)

Ва аммо ин ки ибодат ва парастиши Худо чӣ суд ва нафъе барои инсон дорад, як ҷавоби фалсафӣ дорад, ки фалосифа бо такя бар далелҳои ақлӣ, ба посухи он пардохтаанд, ки ман ин ҷо онро ёдовар намешавам, зеро фаҳми он бастагӣ ба ошноӣ бо порае аз мабоҳиси фалсафӣ дорад, ки ин мақола гунҷоиши тарҳи ҳамаи онҳоро надорад. Балки барои исботи ин матлаб, аз як зовия ва роҳи дигар, ки осонтар аст, баҳсро дунбол хоҳам кард.



1 2 3 4 5 next