Одобу суннатҳои Пайғамбар(с) дар сафар



Нақл аст аз Имом Боқир(р), ки мефармоянд: Расули Акрам(с) рӯзи панҷшанбе ба сафар мерафтанд.

Расули Худо(с) дар сафар, панҷ чизро бо худ мебурданд:

1. Оина

2. Сурмадон

3. Шона

4. Мисвок

5. Қайчӣ.

Имом Ризо(р)мефармоянд: Расули Акрам(с) барои рафтан ба сафари Ҳаҷ, субҳгоҳ аз Мино ҳаракат намуда ва дар вақти баргашт аз роҳи Машъар ва Мино бармегаштанд. Пайғамбари Акрам(с) аз як роҳе, ки ба ягон ҷое мерафтанд, дар баргашт аз роҳи дигар меомаданд.

Расули Худо(с) ҳар вақт мехостанд ба ҷанг бираванд, ба хотири хабардор нашудани душманон, мақсадашонро равшан баён намекарданд.

Имом Содиқ(р) мефармоянд: Расули Худо(с) дар сафар ҳар вақт аз баландие поин меомаданд, субҳоналлоҳ мегуфтанд ва замоне, ки ба баландие мебаромаданд, Аллоҳу Акбар мегуфтанд.



1 2 3 next