Растгор шуд ҳар касе, ки нафсро покиза дошт



Дар гузашта, дағдағаи аслии уламо ва донишмандони исломӣ, пеш аз ҳар чизе дигар, масъалаи худсозӣ ва тазкияи нафс буд; ба ҳамин хотир, аввалин чизе ки ба дунболи он буданд, пайдо кардани устоди ахлоқи муносиб буд, ки мутаасифона имрӯза ҷойгоҳи ахлоқ ва устоди ахлоқ дар мадориси динӣ камранг шудааст.

Ахлоқ ва тазкияи нафс, мутаасифона, дар байни мардуми ҷомеа низ ҷойгоҳи ончунонӣ ки бояд дошта бошад надорад ва шояд яке аз иллатҳои он, ҳамин камранг шудани масъалаи ахлоқ дар байни уламо ва муллоҳо бошад.

Ахлоқ ва тарбияти исломиро мардуми авом аз муллоҳо мегиранд ва аз ин рӯ, вазифаи руҳоният, бо таваҷҷӯҳ ба таъкидоте, ки аз сӯи Худо ва Паёмбари Акрам (с) дар ин замина ворид шудааст, вазифаи сангине аст.

Тазкия ва тазҳиби нуфус, аз аҳдофи аввалияи беъсати анбиё ба шумор меравад: “Ӯ Худованде аст, ки дар миёни мардуме уммӣ паёмбаре аз худашон фиристод, то оёти Худоро бар онҳо хонда ва онҳоро тазкия намояд ва китоб ва ҳикмат ба онҳо биёмузад.”[1]

Ва замоне ба аҳаммияти бештари он пай мебарем, ки мебинем Худованд дар Қурони Карим баъд аз чанд бор савганд, роҳи растагориро танҳо тазкияи нафс қаламдод мекунад:

Савганд ба хуршед ва рӯшноии он, ва (савганд) ба моҳ чун аз пайи он барояд (ки баъд аз ғуруби офтоб, бо ҷилваи бештар падидор мешавад), ва (савганд) ба рӯз чун онро ошкор ва падидор кунад, ва (савганд) ба шаб он гоҳ ки онро фурӯ пӯшад, ва (савганд) ба осмон ва он ки барафрошташ, ва (савганд) ба замин ва он ки густаронидаш, ва (савганд) ба нафс (ҷону равон) ва он ки онро рост ва дуруст сохт (ё сомон бахшид) пас бадкорӣ ва парҳезгорияшро ба вай илҳом кард. Ба ростӣ, РАСТГОР ШУД ҲАР КАСЕ КИ ОН (НАФС)-РО ПОК ГАРДОНИД ВА ПОКИЗА ДОШТ...[2]

Ва ончи ба ин муҷоҳида вижагии фавқулода медиҳад, доимӣ будани он аст, ва ин ки инсон ҳамеша бояд мутарассиди домҳои шайтон ва нафси аммора бошад.

Дар Наҳҷул-балоға аст, ки “Ҳатто як лаҳза саҳлангорӣ дар мавриди нуфуси худ накунед, ки саҳлангориҳо дар мавриди нафс, шуморо ба роҳҳои торике мекашонад.”[3]

Аз ҳамин рӯст, ки дар муноҷоти Имом Зайнулобидин (а) мушоҳида мекунем, ки чӣ тавр аз шарри нафси хеш ба Худованд шикоят мекунад: “Худои ман! Ба ту шикояти нафсеро мекунам, ки амркунанда ба бадиҳост ва ба хато сибқат мегирад ва ба маъсият ва гуноҳон ҳарис аст ва дар маърази ғазаби ту қарор мегирад ва маро ба водии ҳалокат мекашонад ва маро дар назди ту хортарини ҳалокшудагон қарор медиҳад, таъаллули ӯ зиёд ва орзуи ӯ баланд аст...”[4]

Дар ҳолоти уламои раббонӣ ва бузургони дин низ вақте назар меафканем, мебинем эшон ҳамвора мутарассиди нафси хеш буда ва аҳаммияти фавқулодае барои таҳзиби нафс ва худсозӣ қоил будаанд; ба тавре ки пайваста ба муроқиба ва муҳосибаи хеш мепардохтаанд ва дар асари ҳамин муҷоҳидатҳо, Парвардигори олам низ, тибқи ваъдае ки дар Қурони Карим дода: “Ва касоне ки дар роҳи мо кӯшиданд, ба яқин роҳҳои худро бар онон менамоем...”[5]



1 2 3 next