Равиши баҳсу гуфтугӯи динӣ аз манзари Қуръони Карим



Бе тардид, “даъват ба сӯи ойини ислом ва ё ақидаи исломӣ” ва ё “дифоъ аз ҳарими он”, як воҷиби шаръӣ барои ҳар мусалмони огоҳ ва касе ки аз дониши динӣ бархӯрдор аст ба шумор меравад (на он касе ки нисбат ба ислом дониш надорад), вале ин муҳим, барои худ, шарту шуруте дорад, ки агар муроъот нашаванд, касе ки фикр мекунад аз дин ва ақида дифоъ менамояд, чи басо зарару зиён ба дин ва ақидае, ки дар мақоми дифоъ аз ҳарими он аст ворид созад, то суд. Дар ин навиштор, бар онам, то андаке дар ин замина баҳс ба амал оварам.

Муҳимтарин шарти даъват ва ё дифоъ аз ақида он аст, ки даъваткунанда бояд дар чорчӯбаи ҳамон усул ва равишҳое ба даъват ва даст ба кори дифоъ бипардозад, ки шореъи муқаддас қарор дода, ки иборат ҳастанд аз: “ҳикмат”, “панди некӯ” ва “гуфтугӯ ба некӯтарин шева” албатта вақте кор ба баҳсу гуфтугӯ кашида бишавад. Ин се асл, ҳамон чорчӯбае аст, ки худи шариат гузошта, он ҷо ки мефармояд: “(Мардум)-ро бо ҳикмат, панди некӯ ба роҳи Парвардигорат бихон, ва бо онон ба шевае, ки некӯтар аст гуфтугӯ кун...” (Наҳл/125).

1. “Ҳикмат”-ро бархе ба маънои “гуфтори дуруст ва устувор” дониста ва дар тавзеҳи он гуфтаанд, гуфтори дуруст ва устувор он аст, ки мубтанӣ бар далел ва бурҳон бошад, на сухани дурӯғ ва бепоя.

2. Ва аммо “панди некӯ”, ҳамон мавъизаи некӯ ва хуб аст; яъне вақте мехоҳӣ бо равиши мавъиза, ба амали даъват ва ё ба дифоъ аз ҳарими ақида бипардозӣ, саъй кун, гуфторат холӣ аз дашному носазогӯӣ ва суханони ракик, таҳдидомез, таҳқир ва ё иҳонати шунаванда ва мухотаб бошад.

3. “Баҳсу гуфтугӯ ба некӯтарин шева” он аст, ки вақте бо як рақиби эътиқодии хеш баҳсат шуд ва вориди гуфтугӯ бо ӯ шудӣ, бояд аз некӯтарин ва беҳтарин равишҳои баҳсу гуфтугӯ баҳра бигирӣ, то гуфторат таъсиргузор биуфтад; дар ғайри ин сурат, баҳсу гуфтугӯ бо ӯ ҳеч фоидаеро дарбар нахоҳад дошт ва бо ин кор ту фақат умратро талаф кардаӣ.

Худованди Мутаол даъваткунандаро шадидан аз ба коргирии суханони таҳқиромез ва дарбардорандаи дашному носазо - ҳангоми даъват ва ё дифоъ аз ҳарими ақида - манъ мекунад; то ҷое ки мусалмононро фармон дода, ки шумо ҳақ надоред ҳатто ба худоёни бутпарастон носазо гӯед, он ҷо ки мефармояд: “Ва онҳо (яъне худоёни мушрикон)-ро, ки ба ҷои Худои Якто мехонанд, дашном мадиҳед, ки онон низ Худойро аз рӯи ситам ва душманӣ ва бедонишӣ дашном гӯянд...” (Анъом/108).

Равони одамӣ чунон аст, ки ҳар гоҳ касе ба ӯ дашном ва носазо бигӯяд, ғайраташ меҷӯшад ва ӯ низ шурӯъ ба дашном ва носазогӯии тарафи муқобил даст хоҳад ёзид, ҳатто он ҷо ки тарафи муқобили ӯ бар ҳақ бошад. Яъне дар ин ҷо, дигар, ҳаққу ноҳақ ба фаромӯшӣ супурда шуда ва ҳар тарафе ба дифоъ аз “ҷойгоҳ”, “эътибор” ва “шахсият”-и худ хоҳад пардохт. Аз ҳамин рӯст, ки Худо ба мӯъминон дастур медиҳад, ки шумо вақте мехоҳед ба баёни нодурустӣ ва носавобии кеши бутпарастон ва ин ки онҳо бе далел ба ин кеш гаравидаанд бипардозед, мабод ба носазогӯӣ ва дашноми онҳо ва худоёнашон даст ёзед, ки онҳо низ ба саббу дашноми Худои Якто, ки шумо ӯро мепарастед, даст хоҳанд зад.

Дар муқобил, “баҳсу гуфтугӯ ба некӯтарин шева” самарааш он аст, ки дили ӯ нарм ва ба сӯи ту мутамойил шуда ва душманӣ ва адовате, ки байни ту ва ӯ буд, ба дӯстӣ табдил хоҳад гардид. Худованди Мутаол дар ин хусус мефармояд: “Ва некӣ ва бадӣ баробар нест; (бадии дигаронро) ба шевае, ки некӯтар аст дур кун, ки (агар чунин кунӣ), он гоҳ он ки миёни ту ва ӯ душманӣ аст, ҳамчун дӯсте наздик ва меҳрубон гардад.” (Фуссилат/34)

Илова бар ин, дуруштхӯйӣ на ин ки касеро ба сӯят мутамойил нахоҳад сохт, балки ҳамагонро аз пиромуни ту пароканда хоҳад кард. Ин ки мебинем, ҳамагон – дӯсту душман - шефтаи вуҷуди мубораки Паёмбари Аъзам (с) буданд, на танҳо бад-ин ҷиҳат будааст, ки суханони он ҷаноб (с) ҳама дуруст ва мубтанӣ бар бурҳону далел буданд, балки ҳазраташ (с) нармхӯ буданд ва ҳаргиз бо дигарон бо дуруштӣ таъомул намекарданд: “(Эй Паёмбар!), ба меҳру бахшоише аз Худост, ки барои эшон нарм шудӣ, ва агар дуруштхӯйи сахтдил будӣ, аз гирди ту пароканда мешуданд...” (Оли Имрон/159)

Ва дар мавориде ҳам, аслан набояд вориди баҳсу гуфтугӯ шавӣ, яъне он ҷо ки дидӣ, тарафи гуфтугӯи ту ба дунболи ёфтани ҳақиқат набуда, балки фақат дар пайи нишондани ҳарфи худ рӯи курсӣ аст ва бинобар ин гуфтораш фақат таҳқиру иҳонат аст, дар ин ҷо, бояд баҳсу гуфтугӯ бо ӯро раҳо кунӣ: “Ва бандагони (Худо)-и Раҳмон касоне ҳастанд, ки бар замин бо фурӯтанӣ ва нармӣ роҳ мераванд, ва чун нодонон эшонро (бо сухане нораво) мухотаб созанд, сухане мусолиматомез (ё салом) гӯянд.” (Фурқон/63)



1 next