Ҳуқуқи уммат



Хешованд касест, ки ба сабаби нисбати хунӣ ба шахси дигар наздик аст. Аз ҷумлаи масодиқи хешовандӣ метавон ба падар, модар, бародар, хоҳар, бародарзода, хоҳарзода, амак, амма, хола, тағо ва фарзандони ҳар кадом аз онҳо ишора кард.

Албатта дар як маъно доманаи он афзуда мешавад ва шомили нисбати хешии сабабӣ монанди домоду арусҳо ҳам мешавад.

Гоҳ аз ин ҳам фаротар меравад ва шомили сибту ашира ва тоифа ва қабила низ мешавад.

Дар ояҳои Қуръон ба ҳарсе маврид пардохта шуда ва дар масоили мухталиф ба ҳуқуқ ва осори хешовандӣ ишора гардида аст.

Дар таҳлилҳои қуръонӣ барои хешовандӣ коркардҳои иҷтимоӣ ва руҳӣ ва равонӣ баён шудааст, ки метавон аз амният дар соясори хешовандӣ ишора кард, зеро шахс ба сабаби иртиботи хешӣ метавонад дар ҳавзаи амниятӣ ва пушишӣ он қарор гирад ва аз фавоиди он баҳра барад.

Қуръон дар ояи 91-сураи Ҳуд гузориш мекунад, ки душманони Шуъайб(а) иллати ин ки вайро ба сабаби даъватҳои паёпай ба Худо ва тарки бутпарастӣ ва ё гаронфурушӣ ва камфурушӣ сангсор накардаанд, тарси душманон аз қавм ва қабила ва хешони он ҳазрат буда аст.

Аз инрӯ бо сароҳат ва равшанӣ ба вай мегуянд: «وَلَوْلَا رَهْطُكَ لَرَجَمْنَاك» - (Ҳуд, 91), агар хешон ва тоифаи ту набуданд бегумон туро сангсор мекардем.

Бинобар ин омили боздоранда ва таъмини амнияти эшон тоифаи вай буд ва куффор аз тарси онҳо наметавонистан ба Шуъайби набӣ таарруз ва ё ҳарими амниятӣ ӯро бишкананд ва ба вай осеб расонанд.

Қуръон баён медорад, ки пайванди хешовандӣ масъулиятовар ва мувҷиби пайдоиши ҳуқуқи вижае барои онон мешавад, ки аз он ҷумла ҳаққи эҳсон нисбат ба волидайн (Бақара ояи 83) ва ҳаққи инфоқ (Бақара ояи 215) ишора кар.

Дар ин навиштор талош шуда аст, то ҳуқуқи хешовандӣ дар омузаҳои қуръонӣ бозхонӣ ва муаррифӣ шавад.



1 2 3 next