Ҳазар кун зи пайкори камтар касе



Пандҳое аз Саъдӣ дар бораи тадбири давлатдорӣ ва лашкаркашӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Саъдӣ дар Бӯстони худ дар бобе бо унвони “Гуфтор андар раъю тадбири мулк ва лашкаркашӣ” бо хитоб ба ҳоким, ӯро чунин панд медиҳад, ки бо гурӯҳи андак вориди ҷанг машав ва аз кушту куштор парҳез кун, ки селобҳои зиёдро дидам, ки аз қатраҳои кӯчак ва хурд ба вуҷуд меояд; яъне қатраҳо ҷамъ мешаванд ва табдил мешаванд ба селобҳои хонабарандоз.

Ҳазар кун зи пайкори камтар касе,

Ки аз қатра селоб дидам басе.

Дар идома мегӯяд, то метавонӣ  бо чеҳраи ғазаболуд ба душмани заифу нотавон нигоҳ макун, ки душман заиф ҳам, ки бошад, беҳтар аст дӯстдори ту бошад ва аз тарафи ту эҳсоси хатар накунад.

Мазан, то тавонӣ, бар абрӯ гиреҳ,

Ки душман агарчи забун, дӯст беҳ.

Сипас меафзояд, ба сипоҳ ё лашкаре, ки ададашон аз лашкари ту бештар бошад, ҳуҷум макун; зеро намешавад, ки бар теғи тез ва бурро мушт зад. Аммо агар ту аз вай тавонотар бошӣ, боз ҳам намешавад, ки бар лашкаре, ки аз ту заифтар аст ҳуҷум оварӣ, ки ин кор кори мардон нест.

Мазан бо сипоҳе зи худ бештар,



1 2 3 4 next