Исломхоҳӣ ва пешрафт



Сайидюнуси Истаравшанӣ

“Омӯзаҳои исломӣ мутааллиқ ба қуруни вустост ва шояд ба дарди ҳамон даврон мехӯрд, аммо замони кунун, замони навгароӣ ва мудернита аст, аз ин рӯ, имрӯз сухан аз як ҷомеаи исломии пешрафта ба миён овардан, сухане пуч ва бемаъност.”

Ин сухан, суханест, ки шояд гӯшҳо аз шунидани ба такрори он дигар хаста шуда. Намедонам, гӯяндагонаш воқеан ба ин гуфтаҳо бовар доранд, ё аз сари нодонӣ чунин сухан ба забон ҷорӣ месозанд?

Ба назар намерасад касе ки бо омӯзаҳои исломӣ - ҳарчанд андак - ошност, воқеан ба ин гуфтори сахиф ва бепоя бовар дошта бошад, бинобар ин, бо камоли итминон метавон гуфт, ки ҷуз аз сари нодонӣ ва адами ошноӣ бо ислом, чунин сухан нагуфтааст. Аз ин рӯ, роқими сутур дар ин навиштор, аз боби итмоми ҳуҷҷат ва ин ки чунин сухане, бепоя ва аз ҳеч мантиқе бархӯрдор нест, нукоте чанд дар ин боб ёдовар мешавад.

Ҳол, бибинем, чӣ чизе аз маориф ва омӯзаҳои ислом будааст, ки боис гардида бархе мӯътақид ба чунин пиндоре бишаванд? Аммо дар оғоз лозим аст, бибинем, муроди гӯянда аз вожаи навгароӣ чист?

Муроди гӯянда аз ин вожа, лузуман маънои истилоҳии он (modernism) нест; чун ин истилоҳ дорои маънои бахусусе буда ва аз чанд муаллафа иборат аст, ки мактаби ислом дар хусуси бисёре аз он муаллафаҳо, дидгоҳ ва андешаи дигар дорад (ҳарчанд бо порае аз онҳо мувофиқ аст), ки бояд дар ҷои худаш пиромуни он баҳс шавад, ки ин ҷо маҳалли баҳси он нест. Балки манзури гӯяндагони он сухан, маъмулан ин аст, ки агар ҷомеае, қарор бошад бар асоси омӯзаҳои исломӣ барпо бишавад, ин ҷомеа наметавонад як ҷомеаи пешрафта ва мутамаддин бошад.

Ҳол, ба асли баҳс мепардозем:

Мактаби ислом дар як нигоҳ

Ислом дар як нигоҳ, маҷмӯае аст аз боварҳо, дастуроти амалӣ ва ахлоқӣ. Бар асоси ин таъриф, мусалмон ба касе гуфта мешавад, ки ба Худо ва ягонагии зоти ӯ, фариштаҳо, китобҳои осмонӣ, паёмбарони илоҳӣ ва ба рӯзи растохез имон, ҳамчунин ба як силсила фармонҳое аз сӯи шариат (китоб ва суннат) гардан ниҳода ва хештанро ба ахлоқи писандида (чун ростгӯӣ, амонатдорӣ, фурӯтанӣ, ихлос ва ғайра) ороста ва аз ахлоқи нописанд (чун дурӯғгӯӣ, хулфи ваъда, такаббур, риёкорӣ ва ғайра) дурӣ биҷӯяд.

Ҳол, бибинем, кадом як аз ин омӯзаҳо метавонад монеъи пешрафти инсон гардад?



1 2 3 next