Баррасии далолати оёти дигар



Ояти “Куллан ваадаллоҳул ҳусно”

Мавлавӣ Муҳаммадумар: Панҷумин маврид аз оятҳои фазоили саҳоба, ду ояти монанди ҳам дар Қуръон вуҷуд дорад, ки ҳамаи табақоти саҳобаро аҳли биҳишт мешуморад.

 1-لا يستوي القاعدون من المؤمنين غير اولي الضرر والمجاهدون في سبيل الله بأموالهم و انفسهم فضل الله المجاهدين باَموالهم وانفسهم علی القاعدين درجة وكلا وعد الله الحسنی وفضل الله المجاهدين علی القاعدين اجرا عظيما."

"Мўъминоне, ки беузр дар хона нишастанд ва аз ҷанг нофармонӣ карданд бо муҷоҳидини роҳи Худо, ки бо молу ҷони худ ҷиҳод карданд баробар нестанд, Худованд ин муҷоҳидонро дараҷае иноят фармудааст ва Худованд ба ҳамаи онҳо ваъдаи некӣ дода ва муҷоҳидонро бар нишастагон ва хилофкорони аз ҷанг бо подоши бузурге бартарӣ додааст."  Сураи Нисо-95.

2-"...لا يستوي منكم من انفق من قبل الفتج وقاتل اولئك اعظم درجة من الذين انفقوا من بعد وقاتلوا وكلا وعدالله الحسنی..."

"Он гурўҳ аз шумо, ки пеш аз фатҳи (Макка) дар роҳи Худо ва густариши Ислом инфоқ карда ва ҷиҳод намуданд, баробар нестанд (бо касоне, ки баъд аз фатҳ инфоқ ва ҷиҳод карданд) он гурўҳи аввал дорои дараҷаи болотаре нисбат ба гурўҳи дуввум ҳастанд ва Худованд ба ҳама ваъдаи некӣ додааст. " Сураи Ҳадид-10.  

Баррасии далолати ин ду ояти шарифа

Худованд дар ин ду ояти шарифа ҳамаи саҳобаи Расули Акрамро, чӣ муҷоҳидон бо молу ҷон, чӣ мутахаллифон аз ҷанг, чӣ муҷоҳидон ва инфоқгарони қабл аз фатҳ, ки дорои камоли ихлос будаанд, чӣ баъд аз фатҳ, ки шояд инчунин набудаанд, фазилат ва мақом иноят фармуда ва ваъдаи биҳишт додааст. Акнун бифармоед оё бо ин ду ояти шарифа наметавон иддао кард, ки ҳамаи саҳоба ва мусулмонони ҳамасри он ҳазрат афроди нек, одил ва аҳли биҳишт будаанд? Махсусан бо таваҷҷўҳ ба ояти дигаре, ки мефармояд:

"ان الذين سبقت لهم منا الحسنی اولئك عنها مبعدون" 

"Ҳар касе, ки мо ваъдаи некўе ба ў дода бошем аз ҷаҳаннам дур хоҳад буд . " Сураи Анбиё-101.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 next