Дуо барои рафъи нороҳатӣ ва кушоиш дар умур



Ба номи Худованди Меҳрубон

Эй Худое, ки гиреҳи ҳар мушкиле ба дасти ту кушода мешавад ва сахтиҳои ногувор ба вуҷуди ту осон мегардад ва роҳҳо ба сӯи кушоиш аз ту дархост мешавад; сахтиҳо ба қудрати ту ночиз ба назар мерасад ва лавозими корҳо ба лутфи ту муҳайё мегардад ва ба нируи ту иродаат муҳаққақ гардад, ҳама чиз ба хости ту падид меояд, қабл аз он ки фармоне диҳӣ, корҳо тибқи машиятат пеш равад ва тибқи назари ту қабл аз наҳй кардан аз кор биистад.

Туӣ, ки дар мушкилот хонда мешавӣ ва дар сахтиҳо ба ту паноҳ ҷӯянд, ҳеҷ балое дафъ намегардад, магар он ки ту онро биронӣ ва ҳеҷ даре кушода нашавад, чуз он ки ту бикшоӣ...

Дареро, ки ту бастаӣ, касе ёрои кушодан надорад ва онро, ки боз гузоштаӣ, ҳеҷ кас наметавонад бибандад...

Онро, ки ту хор намудаӣ, ёваре надорад, пас бар Муҳаммаду оли ӯ дуруд фирист ва дари кушоишро ба раҳматат бар ман бикшой ва чирагии сахтиҳо ва нороҳатиҳоро ба ҳавлу қувваи худ бар ман бишкан, дар он чи аз он шикоят дорам, бо ҳусни назар бароварда соз ва ширинии иҷобати хостаҳоямро бар ман бичашон ва аз ҷониби худ бар ман раҳмату осоишу хушӣ арзонӣ дор барои ман аз ҷониби худ роҳҳои сареъе қарор деҳ ва маро барои ташвиши хотир ва анҷом додан ва иҷобати амал ба мустаҳаббот боз мадор...

Туӣ он тавоное, ки метавонӣ мушкилотамро бартараф кунӣ ва аз он чи дар он афтодаам, наҷотам диҳӣ, пас бо ман он гуна рафтор кун, ҳарчанд ки аз сӯи ту шоистаи он набошам, эй соҳиби Арши Азим.