Ҳикмати паёмбарӣ – I



Бахши аввал

Даъват ба Худо

Қуръон

“Эй Паёмбар, мо туро гувоҳ бар башоратгар ва ҳушдордиҳанда фиристодем ва даъваткунанда ба сўи Худо ба фармони ў ва чароғе тобнок”.[1]

“Бигў: Ин аст роҳи ман, ки ман ва ҳар кас (пайравиам) кард, бо биноӣ ба сўи Худо даъват мекунем ва муназзаҳ аст Худо ва аз мушрикон нестем”.[2]

“Бо ҳикмату андарзи некў, ба роҳи парвардигорат фаро хон ва бо онҳо ба (шевае), ки некўтар аст, муҷодила кун. Дар ҳақиқат, парвардигори ту ба (ҳоли) касе, ки аз роҳи ў мунҳариф шудааст, донотар ва ў ба (ҳоли) раҳёфтагон (низ) донотар аст”.[3]

“Эй касоне, ки имон овардаед, чун Худова паёмбар, шуморо ба чизе фаро хонданд, ки ба шумо ҳаёт мебахшад, онҳоро иҷобат кунед ва бидонед, ки Худо байни одамӣ ва дилаш ҳоил мегардад ва ҳам дар назди ў маҳшур хоҳед шуд”.[4]

“Эй қавми мо, даъваткунандаи Худоро посух диҳед ва ба ў имон оваред то (Худо) бархе гуноҳонатонро бар шумо бибахшояд ва аз заоби пурдард паноҳатон диҳад. Ва касе, ки даъваткунандаи Худоро иҷобат накунад, дар замин дармондакунанда(-и Худо) нест ва дар баробари ў дўстоне надорад. Онҳо дар гумроҳии ошкоранд”.[5]

Ҳадис

- Паёмбари Худо(с), дар баёни иллати номида шуданаш ба Доӣ (даъваткунанда): Ва аммо доӣ ба он сабаб аст, ки ман мардумро ба дини парвардигорам даъват мекунам.



1 2 3 4 5 6 next