Таъсири сираи Расули Акрам(с) дар зиндагии башарият



Сайид Акбарзода

Расули Аллоҳ(с) усваи ҳасан ва бартарин махлуқи холиқи ҳастӣ ва ҳадафи хилқати кавну макон аст.

Ӯ буд, ки аз Одам(а), то Иброҳими Халил ва Мусои Калим ва Исои Масиҳ(а), башораташро доданд ва аз мақому манзилат ва ҷойгоҳи пайравони сиддиқаш барои пайравони худ сухан мекарданд.

Орзӯе, ки ҳатто гуруҳе аз хешовандон, ҳамзамонон ва ҳамроҳонаш на танҳо даркаш накарданд, балки қадри доштани онро надонистанд ва бар Ӯ шуриданду ҷангиданд, ки дар раъси онҳо таҷассуми зулму фасод, кинаварзию инод, Абулаҳабу Абуҷаҳл ва Абусуфёнҳо падидор шуд.

Яке намоди худбинию худхоҳӣ, ҷамуди ақлию фикрӣ, таассуби фардию қавмӣ ва мансабӣ ва яке ҳам сарватпарастию рифоҳу ҳокимиятгароӣ ва дигараш...

То таърих давом дораду имону Ислом вуҷуд дорад, куфру иноду тазвиру такзибҳо ҳам хоҳад буд. То рӯзе, ки ба амри илоҳӣ, ҳама дар маҳзари нурониаш аз файзи неъмати бекаронаш баҳраманд гардем ва мисдоқи ва нуриду аннамунна алаллазинастузъифу фил арзи ва наҷъалаҳум аимматан ва наҷъалаҳум ворисин, (сураи Қасас, ояти 5) муҳаққақ гардад.

Дар инҷо нигоҳе хоҳем дошт ба баъзе аз таъсироти вуҷуди мубораки Расули Аъзам(с) ва Исломи нобу илоҳии он ҳазрат дар ҳастӣ ва башарият.

1. Аз байн бурдани бардадорӣ ва ғуломдорӣ

Чунон ки дар таърихи сарзаминҳои Руму Эрон ва Араб ва дигар қудратҳои бузургу хурд омадааст, бардадорӣ ва истизъофу истисмори мардумон як масъалаи оддӣ шуда буд ва бо камтарин қудрату имкониятҳои молӣ ё ҳукуматӣ, гуруҳе аз мардумро дар ихтиёри худ мегирифтанд ва бо зур аз онҳо кор мекашиданд.

Мазраадорӣ, домдорӣ, тиҷорат ва даҳҳо кори дигарро ғуломони беихтиёр ва албатта пуртавон аз назари ҷисмӣ, анҷом медоданд ва ҳокимону сарватмандон дар айшу нуши худ саргарм мешуданд.



1 2 3 next