Дуо дар каломи нуронии Паёмбари Акрам(c)



Дуо силоҳи мӯъмин аст

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: Дуо калиди раҳмат, вузӯ калиди намоз ва намоз калиди биҳишт аст.

Дуо дар каломи нуронии Паёмбари Акрам(с):

1 – Дуо силоҳи мӯъмин аст.

2 – Дуо сипоҳе аз сипоҳиёни Худованд аст, ки қазои ҳатмиро дафъ менамояд.

3 – Дуо худ ибодат аст.

4 – Дуо балоро дафъ менамояд.

5 – Дуо барои балои нозилшуда ва нозилнашуда судманд аст, пас эй бандагони Худо, дуоро фаромӯш накунед.

6 -Назди Худованд чизе гиромитар аз дуо нест.

7 – Беҳтарин дуо: Беҳтарин зуҳду порсоӣ он аст,ки дили ту ба ончи дорӣ, ором гирад ва беҳтарин хостаи ту аз Худованд бояд офият, саломатӣ дар дину дунё бошад.



1 2 next