Мир Сайидалии Ҳамадонӣ



Мир Сайидалии Ҳамадонӣ - ориф ва олими барҷастаи қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ, ки аз Ҳинд то Фарорӯдро ба шӯр овард, дар Ҳамадон зода шуд, дар Ҳинд болид, ва дар сарзаминҳои гуногун зист, ва дар ниҳоят дар Кӯлоб ором гирифт.

Мир Сайидалии Ҳамадонӣ - ориф ва олими эронии қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ ва аз мураввиҷон ва мубаллиғони ойини ислом дар Кашмири Ҳинд ва аз бузургони силсилаи тасаввуфи Кубравия, дар шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон орамидааст.

Ин олими мутаббаҳир дар 12 раҷаби соли 714 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Ҳамадон дида ба ҷаҳон гушуд, падараш Амир Шаҳобиддин аз бузургони он диёр буд ва ба умури девонӣ ва ҳукуматӣ машғул буд.

Дар синини кӯдакӣ ва навҷавонӣ авқоти худро ғолибан сарфи навиштан, мутолиа ва таҳсил мекард ва таҳти назорати доии худ ба фарогирии таҳсилоти муқаддимотӣ ва улуми мутадовил рӯй овард.

Фузало ва донишмандон ӯро Султонул˗орифин ва мардуми Кашмир вайро Алии Сонӣ ва иродатмандон ва муридонаш Шоҳи Ҳамадон лақаб додаанд.

Аз ӯ бо номи Амири Кабир низ ёд мешавад ва Мир Сайидалии Ҳамадонӣ дар Тоҷикистон ба унвони Ҳазрати Амирҷон низ маъруф аст.

Маҷиди Асадӣ - донишҷӯи дуктурои фалсафаи Окодемии Улуми Тоҷикистон, дар мақолае, ки дар фаслномаи адабӣ˗фарҳангии Ройзании Фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо номи Гули бехор ба чоп расонд, чунин оварда аст: “Он гуна ки дар бархе аз вижаномаҳои солгарди реҳлати Имом Хумайнӣ (р) дар соли 1384 ҳ.ш омадааст ва ҳамчунин ишорае, ки ҳазрати Оятуллоҳ Пасандида - бародари бузургтари ҳазрати Имом Хумайнӣ (р), дар нақли хотироташ, ки дар рӯзномаи “Иттилоот” (16 диймоҳи соли 1356 ҳ.ш) ба нашр расида доштаанд, яке аз сафирон ва муридони Мир Сайидалии Ҳамадонӣ дар Кашмир, ки домод ва хоҳарзодаи эшон ҳам буда, Сайид Ҳайдари Мусавии Ардабилӣ мебошад, ки бино бар ривояте, ҷадди аълои ҳазрати Имом Хумайнӣ (р) аст.”

Ҳотами Асозода - масъули осорхонаҳои шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон, дар гуфтугӯ бо хабарнигори Форс дар муаррифии ин марди  фозил мегӯяд:

Мир Сайидалии Ҳамадонӣ ибни Шаҳобуддин ибни Муҳаммад, яке аз орифони забардаст ва яке аз шахсиятҳои муҳимми адабиёт, фарҳанг ва фалсафаи тоҷику форс буд ва дар ривоҷ ва нумӯи як саре аз улуми замони худ саҳми бориз дорад.

Вай дар соли 714 ҳиҷрӣ дар шаҳри Ҳамадони Эрон чашм ба ҷаҳон гушуд ва назди 2 донишманди бузурги замони худ, Тақиюддин Алии Дӯстӣ ва Шарафуддин Маҳмуди Маздаконӣ улуми замони худ аз ҷумла илми ирфонро омӯхт.



1 2 3 4 5 next