Мӯъмин кист?



Расули Худо(с) фармуданд: Бандаи мӯъмини Худо бар душмани хеш ситам намекунад, дар роҳи дӯст муртакиби гуноҳ намешавад, амонатро зойеъ намесозад, ҳасад намеварзад, таъна намезанад, лаън намекунад, ба ҳақ эътироф мекунад, ҳарчанд дар мавридаш аз ӯ дархости шаҳодат нанамоянд, лақабҳои бад ба кор намебарад, дар намоз хошеъ, дар закот шитобанда, дар гирифториҳо бовиқор, дар осоиш сипосгузор, ба ончи дорад қонеъ аст, ончи барои ӯ нест муддаии он намегардад, бухл ӯро аз кори хайр бознамедорад, бо мардум меомезад то чизе бифаҳмад ва агар мавриди ситам ва таҷовуз қарор гирад, шикебоӣ пеша мекунад то Худои раҳмон ёрирасони ӯ бошад.

Расули Худо(с) фармуданд:

1 – Ҳеҷ як аз шумо мӯъмин нест, магар ин ки дӯст бидорад барои бародари хеш ончиро ки барои худ дӯст медорад.

2 – Ҳаё ва имон ҳамроҳи якдигаранд, ҳар гоҳ яке набошад, дигарӣ низ нахоҳад буд.

3 – Ду хислат дар мӯъмин ҷамъ намешаванд: бухл ва дурӯғ.

4 – Ҳар киро кори некаш хушҳол ва кори бадаш нороҳат кунад, ӯ мӯъмин аст.

5 –Ҳар кӣ ба Худованд ва охират имон дорад, бояд ба ҳамсояаш некӣ кунад ва ҳар кӣ ба Худованд ва рӯзи охират имон дорад бояд меҳмонашро гиромӣ дорад ва ҳар кӣ ба Худованд ва рӯзи охират имон дорад, бояд сухани хуб бигӯяд ё хомӯш бошад.

6 – Аз ҷумла каромати мӯъмин назди Худои Таоло ин аст, ки ҷомааш покиза ва ба андак қонеъ бошад.

7 –Беҳтарин мусалмон касест, ки мусалмонон аз дасту забони ӯ дар амон бошанд ва беҳтарин мӯъминон хушахлоқтарини онҳост.

8 –Комилтарини мӯъминон хушахлоқтарини онҳост ва беҳтарини шумо, касоне ҳастанд, ки бо занонашон некӯтар бошанд.



1 next