Тавсияҳои ахлоқӣ



 Дар Кофӣ баъзе ривоёт ба ин мазмун нақл шудааст, ки таваҷҷўҳи мард ба зан аст ва таваҷҷўҳи зан ба мард, пас занонро дар ҳисори хона қарор диҳед.

Худи нависанди Кофӣ мўътақид аст, ки мақсад ин аст, ки ҳарчӣ зудтар онҳоро дар ҳисори издивоҷ қарор диҳед.

Вале як идда ривоёти дигар вуҷуд дорад, ки мумкин аст онҳоро тавсияи ахлоқӣ ба мардон нисбат ба занон ба ҳисоб овард, ки аз хатарҳои муносибати мардон бо занон огоҳ бошанд. Нависандаи китоби Васоил ин ҳукми ин ривоётро мустаҳаббӣ донистааст. Мо баъзе аз онҳоро зикр мекунем:

а)Амиралмўъминин Алӣ(а) ба фарзандаш Имом Ҳасани Муҷтабо(а) чунин тавсия мекунад:

То метавонӣ коре кун, ки зани ту бо мардони бегона муошират надошта бошад. Ҳеҷ чиз беҳтар аз хона занро ҳифз намекунад. Ҳамон тавре ки берун рафтани онҳо аз хона ва муошират бо мардони бегона дар хориҷ аз хона барояшон зараровар ва хатарнок аст, ворид кардани ту марди бегонаро дар дохили хона ва иҷозати муошират дар дохили хона низ зараровар ва хатарнок аст. Агар тавонӣ коре кунӣ, ки ҷуз ту марди дигареро нишиносад чунин кун![1]

Ин як тавсияи ахлоқӣ аст. Уламои Ислом ин ҷумларо ба шакли як тавсияи ахлоқӣ маъно кардаанд на ба шакли як ҳукми фиқҳӣ. Дар назари аввал аз ин таъбирот чунин натиҷа гирифта мешавад, ки ин таъбирот маънои бештар аз тавсияи ахлоқӣ дорад, балки бештар аз зарурати пўшонидани дастҳо ва рўй мебошад ва метавон ҳамон натиҷаеро гирифт, ки мо аз он ба ҳабси зан дар хона ёд мекунем. Аммо иллати ин ки фуқаҳо ба мазмуни чунин ҷумлаҳо фатво надодаанд, далелҳои қатъии дигаре аз оёт ва ривоётро дарбар дорад, ки бар хилофи маънои зоҳирии ин таъбирот аст. Бинобар ин, ин ҷумлаҳо фақат маънои тавсияи ахлоқӣ ва арзиши ахлоқӣ доранд на фиқҳӣ.

Ончӣ фуқаҳо аз ин ҷумлаҳо натиҷагирӣ кардаанд ин аст, ки ин ҷумалот иршод ба ҳақиқати руҳӣ дар робитаи ду ҷинс аст ва шакке нест, ки ҳақиқатеро баён мекунад. Робитаи зану марди бегона бисёр хатарнок аст, гиле аст, ки пилон бар он мелағзанд.

Ончӣ Ислом ҳадди ақал ба шакли як масъалаи ахлоқӣ тавсия мекунад ин аст, ки то ҳадди мумкин иҷтимоӣ маданӣ камтар омехтагии зану мардро дошта бошад.

Ҷомеаи имрўза зиёнҳои иҷтимои омехтаи зану мардро ба чашми худ мебинад. Чӣ лузуме дорад, ки занон фаъолиятҳои худро дўш ба дўши мардон анҷом диҳанд? Оё агар дар ду сафи ҷудогона анҷом диҳанд нақсе дар фаъолият ва рафти кори онҳо рух медиҳад?

Асари ин дўш ба дўшиҳо ин аст, ки ҳарду ҳамдўшро аз кор бозмедорад ва ҳар якро ба ҷои таваҷҷўҳ ба кор ба тарафи ҳамдўш мутаваҷҷеҳ мекунад, то онҷо ки аксаран ин ҳамдўшиҳо ба ҳамоғўшӣ меанҷомад.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 next