Фазилати хидмат ба масҷид



Қуръони Карим: “Ва ба Иброҳим ва Исмоил супурдем: Хонаи маро барои касоне, ки барои тавоф ва эътикоф ва намоз меоянд, покиза созед”

“Он ҳангом ки зани Имрон гуфт: Парвардигоро! Назр кардаам, ки онч5 дар шикам дорам (аз кори дунёӣ) озод буда,танҳо дар хидмати ту бошад. Аз ман бипазир, ки ту шунаво ва доноӣ”.

Ҳадис

195.Паёмбари Худо(с): Ҳамонон Худо ҳаргоҳ бандаеро дўст дорад ўро бароварандаи ниёзҳои масҷиде қарор медиҳад.

Рӯшан кардани масҷид                    

196.Паёмбари Худо(с): Ҳар кӣ дар масҷиде аз масҷидҳои Худо чароғе биафрўзад, то замоне, ки нуре аз он чароғ дар масҷид ҳаст, пайваста фаришатагон ва ҳомилони Арш барои ў омўрзиш металабанд.

197.Паёмбари Худо(с): Ҳар кӣ дар масҷиде чароғе биафрўзад, то замоне, ки он чароғ нурафшонӣ мекунад, ҳафтод ҳазор фаришта барои дуруд мефиристанд.

198.Паёмбари Худо(с): Ҳар кас як шаб чароғеро ба даруни масҷид бибарад, Худованд аз гуноҳони ҳафтодсолаи ў дармегузарад ва ибодати як солро барояш менависад, барои дар назди Худо шаҳре хоҳад буд ва агар бар он як шаб биафзояд, ба ивази ҳар шаби афзудашуда подоши паёмбареро хоҳад дошт. Пас агар даҳ шабро комил кунад, тавсифкунандагон тавсифи подошеро, ки ў дар назди Худо дорад, наметавонанд кард ва агар як моҳ бигзарад, Худованд ҷисми ўро бар оташ ҳаром мегардонад.

199.Усд-ул-ғоба, аз Абуҳинд(р): Тамим(р) бо худ чароғҳо ва равғане аз Шом ба Мадина овард. Рўзи ҷумъа буд, ки ба Мадина расид. Ба хидматгоре, ки номаш Абулбарод буд, дастур дод то чароғҳоро барафрўзад ва равған бар онҳо бирезад. Чун офтоб ғуруб кард, онҳоро рўшан кард. Паёмбир Худо(с) ҳангоме ба сўи масҷид омад, ки он медурахшид. Фармуд: Кӣ ин корро кард?

Гуфтанд: Тамим(р).



1 2 3 next