Фитнаи ваҳҳобият



Ба номи Худованди Бахшандаву
 Меҳрубон

Муқаддимаи ношир

Тарвиҷи фарҳанги ноби Муҳаммадӣ ва Аҳли Байти поки он ҳазрат дар тўли таърих, дучори каҷандешиҳо ва  нобахирадиҳо будааст, ки намунаи боризи онро дар андешаи ваҳҳобият  ва салафигарӣ, метавон дид. Тафаккуре, ки ҳамаи мусулмонони ҷаҳонро аз дини Ислом хориҷшуда ва фақат худро мусулмон медонад. Гурўҳи каме, ки бо каҷандешӣ, мусулмонони ҷаҳон ва дигар адёнро дучори мушкил карда ва чеҳраҳои  хашен ва баде, аз дини раҳмат ба намоиш гузоштаанд. Бунёнгузори ин андеша, Ибни Таймия аз мухолифони фарзандони Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ мебошад, ки тафаккури ў, аз қарни ҳафтум то қарни сездаҳум ба фаромўшӣ супорида шуда ва мавриди мухолифати андешамадони мазоҳиби исломӣ қарор гирифт, вале камтар аз як қарн аст, ки ин тафаккури инҳирофӣ, дубора дар ҷомеаи исломӣ ба василаи афроде, ки ҳолашон маълум аст, матраҳ мегардад. Ҷо дорад мутафаккирони Ислом, ҷараёнҳои фикрии маъруфро ба мусулмонони ҷаҳон муаррифӣ карда ва меҳвари ваҳдати исломӣ, ки ҳамон Исломи ноби Муҳаммадӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ  аст баён намоянд. Меҳваре, ки бар асоси муҳаббат ва пайравӣ аз Аҳли Байти Расули гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, устувор аст ва аз таҳқир ва зарбу шатм ва террор ва бумбгузорӣ,  дур аст ва ҳеҷ ҳамхоние бо он надорад. Гуфтугў дар маҳофили илмӣ ва муаррифии андешаи нобу пок, ниёз ба он ҳаракоти инҳирофӣ надорад ва агар дар гуфтор рост мегўянд, майдони илмӣ ва андеша омода мебошад.

Таҳоҷуми истикбори ҷаҳони ва саҳюнитсҳо бар тафаккури асили исломӣ, аз замоне оғоз ва суръату шитоб гирифт, ки инқилоби шукўҳманди Ислом ба раҳбарии Имом Хумайнӣ дар кишвари исломии Эрон ба самар нишаст ва тавассути раҳбари бузургвори инқилоби исломӣ ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ ҳидоят гардид.

Аз тамоми  азизоне, ки моро дар нашри маорифи Аҳли Байт алайҳимус салом ёрӣ менамоянд ба хусус, раиси мўҳтарами масҷиди Ҷамкарон, ҳазрати Оятуллоҳ Вофӣ ва ҳамкорон дар маҷмўаи Интишорот ва муаллифи мўҳтарам, ҷаноби устод Алиасғари Ризвонӣ, камоли ташаккур ва қадрдониро дорем, умед аст ин амал мавриди ризояти ҳазрати Ҳақ  қарор гирад. Иншоаллоҳ.

Масъули интишороти масҷиди муққадаси  Ҷамкарон

Ҳусайни Аҳмадӣ
Пешгуфтор

Яке аз фирқаҳое, ки дар муқобили аксари муслимин қарор гирифта, фирқаи маъруф ба “ваҳҳобият” аст. Ин фирқа мансуб ба муассиси он, Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ибни Салмони Наҷдӣ аст. Ў касе аст, ки бо иддиои зинда кардани тавҳид ва салафигарӣ (ҳамон ақоид ва афкори Ибни Таймияро (1) дар нимҷазираи Арабистон пиёда кард). Оли Сауд низ ҷорӣ ва пахшу интишоркунанда ва пуштибони афкори онҳо шуд. Ин фирқа аз қарни дувоздаҳум то кунун бар ҷой мондааст. Ҷо дорад бо муассиси ин фирқа ва чигунагии густариши он ошно шавем.

Шарҳи ҳоли Муҳаммад  ибни Абдулваҳҳоб

Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар соли 1111 ҳ қ таваллуд шуд ва дар соли 1206 ҳ қ аз дунё рафт. Даврони кўдакиро дар шаҳри худ Уяйна дар Ҳиҷоз ва ба хусус Наҷд гузаронид. Баъд аз муддате вориди мадрасаи илмии ҳанбалиҳо шуд ва дар назди уламои Уяйна ба фарогирии улум пардохт. Барои такмили дарсҳои худ, вориди Мадинаи Мунаввара шуд. Баъд аз он шурўъ ба мусофират ба кишварҳои исломӣ намуд; чаҳор сол дар Басра ва панҷ сол дар Бағдод иқомат намуд ва ба Эрон низ мусофират кард; дар Курдистон як сол ва дар Ҳамадон ду сол монд. Онгоҳ сафаре ба Исфаҳон ва Қум намуд ва баъд аз фарогирии фалсафа ва тасаввуф, ба кишвари худ Ҳиҷоз, баргашт. Баъд аз ҳашт моҳ, ки дар хонаи худ эътикоф намуда буд, берун омад ва даъвати худро оғоз намуд.

Бо падараш ба шаҳри Ҳармала ҳиҷрат кард ва то вафоти падар дар онҷо монд; дар ҳоле, ки падараш аз ў розӣ набуд.

Аз он ҷо ки Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, ақоиди хурофии худро, ки бар хилофи оммаи мусулмонон буд ва дар ҳақиқат ҳамон ақоиди Ибни Таймия буд мунташир месохт, баъд аз вафоти падараш мардум хостанд ўро бикушанд, ки вай ба шаҳри худ Уяйна фарор кард.

  Қарор шуд амири шаҳр, Усмон ибни Муаммар ўро ёрӣ кунад то битавонад афкор ва ақоидашро дар Ҷазиратулараб мунташир созад. Ва барои таъкиди ин паймон, амири Уяйна хоҳараш Ҷавҳараро ба никоҳи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб даровард. Лекин ин паймон ва издивоҷ давом наёвард. Ба ҳамин далел аз тарси ин ки амир ўро бикушад ба Даръия, шаҳри Мусайламаи Каззоб фарор кард.

  Аз ҳамон мавқеъ, ки дар Уяйна буд, ба кўмаки амири шаҳр ба фикри иҷрои ақоид ва афкори худ баромад ва қабри Зайд ибни Хаттобро вайрон кард ва ин амр ба фитна ва ошўб  кашида шуд. Дар Даръия низ бо Муҳаммад ибни Сауд –бобои оли Сауд– ки амири он шаҳр буд, мулоқот кард. Қарор шуд Муҳаммад ибни Сауд низ, вайро ёрӣ кунад ва дар иваз, Ибни Абдулваҳҳоб низ ҳукумати вайро таъйид намояд.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 next