Эҳтиром ба падару модар



Ҳазрати Мӯсо (а) машғули муноҷоту розу ниёз бо Худованд буд. Дар он ҳол мардеро дар сояи арши илоҳӣ дид, арз кард: “Худовандо! Ин мард кист, ки ба ин мақоми баланд расида ва машмули ин неъмати бузург шудааст?”

Худованди Мутаол дар посух фармуд:

“Ин мард дорои ду хислат буд:

1. Нисбат ба падару модараш бисёр некӣ мекард;

2. Дар масири суханчинӣ қадам намегузошт”. (Биҳор, 1/66).

Эҳсон ба модар

Закариё ибни Иброҳим, ҷавоне масеҳӣ, ки тоза мусалмон шуда буд, хидмати Имом Содиқ мушарраф шуд ва арз кард: “Модаре пир ва нобиное дорам, ки масеҳӣ аст.”

Ҳазрат фармуданд: “Аз модарат мувозибат кун, ба ӯ эҳсон ва некӯкорӣ намо.”

Ҳангоме ки Закариё назди модараш баргашт, саъй намуд дастуроти Имом Содиқро иҷро кунад ва бисёр ба модараш меҳрубонӣ кард.

Рӯзе модар дар ин бора аз ӯ суол кард: “Фарзандам! Чӣ чизе боис шуда, ки ту ин тавр ба ман хидмат ва фидокорӣ мекунӣ?”



1 next