Ширкати зан дар ҷамъомадҳо



Масъалаи ҳиҷоб

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши чордаҳӯм

Ширкати зан дар ҷамъомадҳо

Далелҳои мувофиқу мухолифро то ҷое, ки лозим буд зикр кардем. Аз маҷмўи он чӣ гуфтем ду матлаб комилан ба даст омад. Аввал ин ки Ислом ба аҳамият ва арзиши фавқулоддаи покӣ ва лузуми қонунӣ будани робитаи ҷинсии зану мард, хоҳ ба шакли нигоҳ ва хоҳ ба шакли ламс ва хоҳ ба шакли шунидан ва хоҳ ба шакли ҳамхобагӣ диққати комил дорад ва аслан розӣ намешавад, ба ҳеҷ номе ва ба ҳеҷ унвоне, зарбае бар он ворид шавад. Аммо дунёи имрўз ин арзиши фавқулоддаи инсониро нодида гирифтааст ва дар айни ин ки дудаш ба чашмаш меравад, намехоҳад ба ин масъала эътироф кунад.

Ҷаҳони имрўз ба номи озодии зан ва балки озодии робитаи ҷинсӣ руҳи ҷавононро ба шиддат фосид кардааст. Ба ҷои ин ки ин озодӣ ба шукуфтани истеъдодҳо кўмак кунад нируҳои инсониро ҳадар додааст ва низ дар ҳоли ҳадар додан аст. Зан аз кунҷи хона берун омадааст, аммо ба куҷо рўй овардааст? Ба кино (ба унвони ҳунарпеша), канори дарё, ҳошияи хиёбонҳо, маҷлисҳои шабнишинӣ! Зан имрўз ба номи озодӣ хонаро хароб кардааст, бидуни ин ки берун аз хона ҷоеро обод карда бошад. Агар ишитбоҳ накунам онҷоҳоро низ хароб кардааст.

Бар асари ин бебандуборӣ ва дур афкандани қайдҳои инсонӣ, аз пешрафтҳои таҳсили ҷавонон коста шудааст ва ҷавонон аз таҳсилу омўхтани дониш гурезон шудаанд, ҷиноятҳои ишқӣ фаровон шуда ва бозори кино равнақ гирифтааст, кисаи корхонадорони истеҳсолкунандаи молҳои ороишӣ пур шудааст ва раққосҳову раққосаҳо сад баробари донишмандону мутафаккирон шудааст. Агар мехоҳед бидонед, ки чунин аст ё на, онгоҳ ки раққосае вориди кишваре мешавад бо онгоҳ ки донишманде монанди професор Бернард, мутахассиси маъруфи пайванди дил, ворид мешавад, муқоиса кунед ва аксуламали ҷавононро дар ҳар ду маврид бинед.

Матлаби дигар ин ки Ислом бо ҳамаи таваҷҷўҳе, ки ба хатари шикаста шудани ифоф дорад, аз ҷиҳатҳои дигар ғофил намемонад; зеро равиши ин оини пок ин аст, ки як оини мўътадил аст ва аз ҳар гуна кўтоҳию зиёдаравӣ дур аст ва умматашро уммати васат мехонад. Бинобар ин занонро то ҳудуде, ки мунҷар ба фасод нашавад аз ширкат дар иҷтимоъ наҳй намекунад. Ҳатто дар баъзе мавридҳо ширкати онҳоро воҷиб медонад, монанди ҳаҷ, ки бар зану мард ба таври баробар фарз гардидааст ва ҳатто шавҳар ҳаққи мамониат надорад ва дар баъзе маврид ба рухсат иктифо мекунад.

Чунон ки медонем ҷиҳод бар занон воҷиб нест, магар вақте ки шаҳр ва минтақаи муслимин маврид ҳамла воқеъ шавад ва сад фоиз шакли дифоӣ ба худ гирад. Дар ин ҳолат ҳамон тавре ки фуқаҳо фатво медиҳанд бар занон низ воҷиб мешавад, вале дар ғайри ин ҳолат воҷиб нест. Дар айни ҳол Расули Худо(с) ба баъзе занон иҷозат медод, ки дар ҷангҳо барои кўмак ба сарбозон ва маҷрўҳин ширкат кунанд. Ҳаводиси зиёде дар таърихи Ислом дар ин замина ҳаст.[1]

Бар занон воҷиб нест, ки дар намози ҷумъа ширкат кунанд.



1 2 3 4 5 6 7 8 next