Сираи Паёмбар (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) - II



Аллома Файзи Кошонӣ

Қисмати 2

Саховат ва дасткушодии Паёмбар (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)

Паёмбар (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) саховатмандтарин ва дасткушодатарини мардум буд. Дар моҳи мубораки Рамазон мисли боди тунде буд, ки чизе дар даст боқӣ намегузошт.[1]

Алӣ (алайҳимас салом) Паёмбар (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)−ро васф намуда мегўяд:

“Паёмбар (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дасткушодатарин, саховатмандтарин, дилвасеътарин, ростгўтарин, бовафотарин, нармхўтарин ва гиромитарини мардум буд. Ҳар касе ки барои бори аввал ўро медид, ҳайбаташ ўро фаро мегирифт. Ва ҳар касе ки бо шиносоӣ бо ў нишасту бархост менамуд, муҳаббаташ ўро ба худ ҷалб мекард. Васфкунандаи ў (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мегўяд: “Ман монанди ўро на пеш аз вай ва на баъд аз ў надидаам”.[2]

Агар касе бихоҳад мусулмон шавад ва дар барбари Исломаш чизе аз Паёмбар (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бихоҳад, он ҷаноб (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз чизе дареғ намеварзид. Боре марде назди ў (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) омада, аз ў чиз хост. Паёмбар (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) як галлаи бузурге аз гўсфандон барояш бахшид. Онгоҳ он мард ба сўи қавмаш баргашта, гуфт: “Мусулмон шавед, чун Муҳаммад (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) чунон атое хоҳад бахшид, ки мард бо он ато аз тангдастӣ ҳеҷ ҳаросе нахоҳад дошт”.[3]

Ҳаргиз чунин нашуда, ки Паёмбар (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба касе агар чизе бихоҳад, “на” гуфта бошад.[4] Боре ҳафтод ҳазор дирҳам барояш оварданд. Паёмбар (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҳамаи онро бар рўи бурёе гузошта, сипас шурўъ кард ба тақсим намудани он ва ҳеҷ дархосткунандаеро бе посух нагузошт.[5]

Марде ба наздаш омада, чизе аз ў (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дархост намуд. Паёмбар (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуд:

“Ман инак чизе надорам, вале маро хабар гирифта ист, ҳаргоҳ чизе ба дастам расид, ҳоҷати туро бармеоварам”. Умар арз кард: “Эй Расули Худо (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)! Худо туро ба чизе ки хориҷ аз тавоноии мост вазифадор накардааст”. Чунин бархўрди Умар мавриди писанди Паёмбар (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нашуд. Он мард арз кард: “Инфоқ кун ва ҳарос ҳам надошта бош, чун Зоте ки бар Арш аст чизе кам нахоҳад намуд”. Онгоҳ Паёмбар (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) табассум намуд, ба гунае ки нишонаҳои хушҳолӣ дар чеҳари муборакаш намоён шуданд”.[6]



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 next