Рафтор бо падару модар



Қуръони Карим дар оёти мухталифе инсонро ба меҳрубонӣ бо падару модар супориш кардааст. Дар зер чанд намуна аз оёте, ки дар онҳо чигунаии рафтор бо падару модар тавзеҳ дода шудааст, оварда мешавад.

1-Сураи Аҳқоф, ояти 15:

“Ва инсонро нисбат ба падару модараш ба эҳсон супориш кардем; модараш бо таҳаммули ранҷ ба ӯ бордор шуд ва бо таҳаммули ранҷ ӯро ба дунё овард ва бор бардоштан ва аз шир гирифтани ӯ сӣ моҳ аст; то он гоҳ ки ба рушди комили худ бирасад ва ба чиҳил сол бирасад, мегӯяд, Парвардигоро, бар дилам биафкан то неъматеро, ки ба ман ва падару модарам арзонӣ доштаӣ, сипос гӯям ва кори шоистае анҷом диҳам, ки онро хуш дорӣ ва фарзандонамро бароям шоиста гардон, дар ҳақиқат ман ба даргоҳи ту тавба овардам ва ман аз фармонпазиронам”.

2-Сураи Луқмон, ояти 14:

“Ва инсонро дар бораи падару модараш супориш кардем; модараш ба ӯ бордор шуд, сустӣ бар рӯи сустӣ ва аз шир бозгирифанаш дар ду сол аст; (ба ӯ супориш кардем), ки шукргузори ман ва падару модарат бош, ки бозгашти ҳама ба сӯи ман аст”.

3-Сураи Анкабут, ояти 8:

“Ва ба инсон супориш кардем, ки ба падару модари худ некӣ кунад ва агар онҳо бо ту даркӯшанд то чизеро, ки ба он илм надорӣ бо ман шарик гардонӣ, аз эшон итоат макун, саранҷоматон ба сӯи ман аст ва шуморо аз ончи анҷом медодед, бохабар хоҳам кард”.

4-Сураи Нисо, ояти 36:

“Ва Худоро битарсед ва чизеро бо ӯ шарик магардонед ва ба падару модар эҳсон кунед ва дар бораи хешовандон ва ятимон ва мустамандон ва ҳамсояи хеш ва ҳамсояи бегона ва ҳамнишин ва дарроҳмонда ва бардагони худ, (некӣ кунед), ки Худо касеро, ки мутакаббир ва фахрфурӯш аст, дӯст намедорад”.

5-Сураи Исро, ояти 23:



1 next