Ҳаё дар гуфтори Паёмбари Акрам(с)



Паёмбари Худо(с) фармуданд:

-  Ҳаё ва имон ҳамеша ҳамроҳи якдигаранд, ҳар гоҳ яке набошад, дигарӣ низ нахоҳад буд.

-  Ҳаё шӯъбае аз имон аст.

-  Ҳаё ва имон қарини ҳамдигаранд, онҷо ки ҳаё нест, дин нест.

- Он гоҳ ки туро ҳаё набошад, ҳарчи хоҳӣ бикун!

-  Худои Таоло боҳаё ва пардапӯш аст ва ҳаё ва пардапӯширо дӯст дорад. Пас ҳар гоҳ яке аз шумо ғусл мекунад, (ё худро шустушӯ медиҳад), бояд бадани худро бипӯшонад.

-  Ҳаё ҳамаи некӣ аст, (ҳар кӣ ҳаё дорад, ҳамаи некиро дорост).

-  Ҳаё мояи зинат; тақво мояи бузургӣаст ва беҳтарин саворӣ – шикебоӣ ва сабр аст ва интизории кушоиш аз ноҳияи Худованд, ибодат аст.

-  Ҳаё ҷуз некӣ ба бор намеоварад.

-  Ҳар кӣ аз мардум шарм накунад, аз Худованд низ шарм накунад.



1 next