Фазилати эътикоф дар масҷид



Паёмбари Худо(с): Касе, ки субҳгоҳон равонаи масҷид шавад, танҳо ба ин хотир, ки хайреро фаро гирад (ёд гирад) ё омўзиш диҳад, подоши касеро дорад, ки умраи комиле анҷом додааст ва касе, ки шабонгоҳ равонаи масҷид шавад, танҳо бо ин ҳадаф, ки хайреро фаро гирад ё омўзиш диҳад, аҷри касеро дорад, ки ҳаҷҷи комилеро баҷо овардааст.

Қуръон: “Дар ҳоле ки дар масоҷид ба эътикоф машғул шудаед, бо занон омезиш накунед. Ин ҳудуди илоҳӣ аст. Пас ба он наздик нашавед. Худованд, инчунин, оёти худро барои мардум равшан месозад, бошад, ки тақво пеша кунанд”.

Ҳадис

159.Имом Содиқ(а): Ҳеҷ эътиколфе саҳеҳ нест, ҷуз ҳамроҳ бо рўза гирифтан дар масҷиди ҷомеъ.

160.Имом Содиқ(а): Имом Алӣ(а) мефармуд: Эътикофро магар дар Масҷидулҳаром ё Масҷиди Паёмбар(с) ва ё масҷиди ҷомеъ саҳеҳ намебинам. Ҳамчунин шоиста нест, ки мўътакиф аз масҷид берун равад, ҷуз барои ниёзе, ки ўро ногузир сохта бошад.

161.Имом Содиқ(а): Эътикоф дар ғайри Макка, шоиста нест, магар дар Масҷиди Паёмбар(с) ва ё дар масҷиде аз масоҷиди ҷомеъ.

5-11.Фазилати омўхтан ва омўзиш додан дар масҷид

162.Паёмбари Худо(с): Касе, ки субҳгоҳон равонаи масҷид шавад, танҳо ба ин хотир, ки хайреро фаро гирад (ёд гирад) ё омўзиш диҳад, подоши касеро дорад, ки умраи комиле анҷом додааст ва касе, ки шабонгоҳ равонаи масҷид шавад,танҳо бо ин ҳадаф, ки хайреро фаро гирад ё омўзиш диҳад, аҷри касеро дорад, ки ҳаҷҷи комилеро баҷо овардааст.

163.Паёмбари Худо(с): Ҳар кас ба ин масҷиди ман дарояд, танҳо ба ин хотир, ки хайреро биомўзад ё омўзаш диҳад, ҳамчун муҷоҳиди роҳи Худост ва ҳар кӣ ба қасди дигаре биёяд, монанди касе аст, ки ба моли шахси дигаре чашм дўхтааст.

164.Паёмбари Худо(с): Ҳар гурўҳе, ки дар хонае аз хонаҳои Худо, гирди ҳам оянд ва Қуръон тиловат кунанд ва онро ба якдигар биомўзанд, оромиш бар онҳо фуруд меояд ва раҳмати Худо бар онҳо соя меафканад ва фариштагон онҳоро дарбар мегиранд ва Худованд дар байни касоне, ки назди ўянд, аз онҳо ёд мекунад.



1 2 3 4 5 6 next