Тавҳиди Худо аз забони Алӣ (к)



Сайидюнуси Истаравшанӣ

Фаҳм ва дарки тавҳид ва ягонагии Худо кори чандон осон нест. Дар ин водӣ, на танҳо авом, балки бисёре аз хавос низ роҳ гум карда ва аҳёнан корашон ба ҷое расида, ки нохудогоҳ ба дараи ҳавлноки ширк суқут кардаанд.

Ҳатто пойи бархе аз файласуфони илоҳӣ ва мутакаллимони исломӣ низ, ки муддаии дарки дақоиқи маорифи илоҳӣ ҳастанд, дар ин ҷодда лағзидааст. Сирри матлаб ин ҷост, ки барои фаҳму дарки ин ҳақиқати воло, фақат ҳуш ва заковати боло кофӣ нест, балки таҳорат ва покизагии руҳ ва навъе иттисол бо манбаи ваҳй низ низ лозим аст.

Бинобар ин, бо итминони комил метавон иддао кард, ки агар баёноти худи Паёмбари азимушшаъни ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ва тавзеҳоти шогирдони ҳақиқии мактаби он ҷаноб (с) дар ин замина набуд, касе тавони дарки ин ҳақиқатро надошт.

Ба эътирофи дӯсту душман, яке аз барҷастатарин шогирдони мактаби муҳаммадӣ (с), ҳазрати Алӣ (к) аст. Нигоҳе ба суханони гуҳарбори ҳазрати Алӣ (к) дар мавзӯи худошиносӣ, кофист ҳақиқати тавҳид ва ягонагии Худо ва иртиботи зоти поки Борӣ Таъоло бо махлуқоташ барои одамӣ ҳувайдо шавад.

Дар ин навиштор бар он шудам, то қисмате аз хутбаи якуми он ҳазрат (с) дар китоби Наҳҷул-балоға дар ин хусусро биёварам; китобе, ки дарбардорандаи хутбаҳо, номаҳо ва ҳикматҳои амири сухан мебошад:

“Сипос Худовандро, ки суханварон аз сутудани ӯ оҷиз ва ҳисобгарон аз шумориши неъматҳои ӯ нотавон ва кӯшишкунандагон аз адои ҳаққи ӯ дармондаанд; Худое, ки афкори жарфандеш зоти ӯро дарк намекунанд ва дасти ғаввосони дарёи улум, ба ӯ нахоҳад расид; Парвардигоре, ки барои сифатҳои ӯ ҳадду марзе вуҷуд надорад ва таърифи комиле натавон ёфт ва барои Худо вақти муайяне наметавон таъйин кард...

Сароғози дин, худошиносӣ аст; ва камоли шинохти Худо, бовар доштани ӯ; ва камоли бовар доштани Худо, шаҳодат ба ягонагии ӯст; ва камоли тавҳид (ва шаҳодат ба ягонагии ӯ), ихлос аст; ва камоли ихлос, Худоро аз сифатҳои махлуқоташ ҷудо кардан аст; зеро ҳар сифате нишон медиҳад, ки ғайр аз мавсуф ва ҳар мавсуфе гувоҳӣ медиҳад, ки ғайр аз сифат аст. Пас касе, ки Худоро бо сифати махлуқоташ таъриф кунад, ӯро ба чизе наздик карда ва бо наздик кардани Худо ба чизе, ду Худо матраҳ шуда; ва бо тарҳ шудани ду Худо, аҷзое барои ӯ тасаввур намуда; ва бо тасаввури аҷзоъ барои Худо, ӯро нашнохтааст.

Ва касе, ки Худоро нашносад, ба сӯи ӯ ишора мекунад ва ҳар кӣ ба сӯи Худо ишора кунад, ӯро маҳдуд карда, ба шумориш оварад. Ва он кас, ки бигӯяд, “Худо дар чист?”, ӯро дар чизи дигаре пиндоштааст ва касе, ки бипурсад, “Худо ба рӯи чӣ чизе қарор дорад?”, ба таҳқиқ ҷоеро холӣ аз ӯ дар назар гирифтааст, дар сурате ки Худо ҳамвора буда ва аз чизе ба вуҷуд наомадааст; Худо бо ҳама чиз ҳаст, на ин ки ҳамнишини онон бошад; ва бо ҳама чиз фарқ дорад, на ин ки аз онон ҷудо ва бегона бошад. Анҷомдиҳандаи ҳамаи корҳост, бидуни ҳаракату абзору васила. Биност, ҳатто дар он ҳангом ки падидае вуҷуд надошт, ягона ва танҳост, зеро касе набуда то бо ӯ унс гирад ва ё аз фуқдонаш (набуданаш) ваҳшат кунад”.

Тавзеҳи қисматҳое аз ин хутба



1 next