Тавассул ва истиғоса



 дар
Ислом

Муқаддима

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Бо ёрии Худованди Мутаол хостем китоберо дар ихтиёри хонандагон қарор бидиҳем, ки дар он ҳақиқати тавассул ва истиғоса ва назари уммати исломӣ дар бораи онҳоро баён карда бошем. Дар марҳалаи аввал мо фақат мехостем оёту ривоётеро, ки дар ин бора ворид шудааст ҷамъ бикунем, вале дар мобайни кор ба ин натиҷа расидем, ки нигоҳе ҳам ба назароти мухолифони тавассул ва истиғоса биандозем ва бо назароти онҳоро низ ошно бишавем ва баррасие ҳам дошта бошем.

Дар муқадд и ма мехоҳем ба чанд матлаб ишора кунед. Ин савол бешак ба зеҳни ҳар касе меояд, ки вақте Худованд худаш фармуда, ки маро бихонед, иҷобат мекунам. Ва фармуда, ки ман ба шумо наздик ҳастам, пас ҳар кӣ маро бихонад иҷобат мекунам, пас чаро мо ба дигарон мутавассил шавем ва чаро худамон мустақиман ва бевосита аз Худо нахоҳем?

Дар ҷавоб гуфта шуда, ки: Чун мо олўда ҳастем Худованд чандон таваҷҷўҳе бар мо нахоҳад кард, вале авлиёи Худо пок ва дур аз нофармонии ў ҳастанд, бинобар ин бояд ба онҳо мутавассил шавем, то Худованд ба василаи онҳо аз кўтоҳиҳои мо даргузарад...

Оре, ин як воқеиятест, вале то инсон бо далел ҳо и он ошно нашавад гумон мекунад, ин назария бо ин гуна о ё т носозгор аст. Таваҷҷўҳ дошта бошем, ки ин матлаб айни воқеият аст. Аммо чӣ гуна? Бояд хуб диққат кунем!

1-Худованди Мутаол, ки худаш фармуда, маро бихонед, иҷобататон мекунам. Дар сураи Нисо ояти 64  касонеро, ки гуноҳ мекунанд амр карда ба назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ бираванд, то он ҳазрат барои онҳо аз Худо талаби бахшиш кунанд, ки Худованд бо дуои он ҳазрат аз гуноҳи онҳо бигзарад.

2- Бародарони ҳазрати Юсуф вақте муртакиби он хато шуданд аз падарашон ҳазрати Яъқуб хостанд, ки дар назди Худованд барои онҳо талаби бахшиш кунад ва ҳазрати Яъқуб, низ пешниҳоди онҳоро қабул фармуд...

Ин ду намунаест аз Қуръони Карим дар ин мавзўъ.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 next