Некӣ ба падару модар



Дарсҳое аз Қуръони Карим

Бо падар ва модари худ чӣ гуна рафтор кунем? Назари Қуръони Карим дар ин масъала чист? Анҷоми он дар хушбахтӣ ва ё тарки он дар бадбахтии инсон чӣ таъсире дорад?

Барои посух ба ин саволҳо ба суроғи Қуръони Карим меравем. Худованд дар чанд оят дастур додааст, ки ба падару модари худ эҳсон ва некӣ кунед.

قال الله تعالی: وَ قَضى‏ رَبُّكَ أَلاَّ تَعْبُدُوا إِلاَّ إِيَّاهُ وَ بِالْوالِدَيْنِ إِحْساناً

“Ва Парвардигорат фармони ҳатмӣ додааст, ки фақат ӯро бипарастед ва ба падару модар (-и худ) некӣ кунед” - (Исроъ, 23).

Мехоҳем бифаҳмем, ки Худованд бо ин дастур аз мо чи мехоҳад?

Барои беҳтар фаҳмидани ин масъала баҳсро ба 4 қисм тақсим ва баён мекунем;

1. Некӣ ба падару модар хеле муҳим аст , чунки:

- 6 бор дар Қуръони Карим омада аст. Бо таваҷҷӯҳ ба инки бархе аз аҳкоми муҳим монанди хумс дар як оят омадааст.(Анфол/41)

- 4 бор баъд аз масъалаи тавҳид омадааст. Бақара/83; Нисо/36; Анъом/151; Исроъ/21



1 2 3 4 5 6 next