Ҳиҷоби занон дар дини Ислом



Таҳияи Аббоси Ҳисорӣ

Масъалаи ҳиҷоб яке аз масоиле аст, ки ба робитаи зан ва мард марбут мешавад, чун ки агар мавзӯи робита ва нигоҳ набошад, асосан тарҳи ҳиҷоб, амри беҳуда хоҳад буд. Асосан иллати лузуми пӯшиши бонувон низ ҳамин аст, ки дар маърази диди мардони номаҳрам, қарор мегиранд. Ва робитаи ҳисобнашуда дар байн метавонад ҷараққаи шаҳватҳоро равшан сохта, хирмани саодати эшонро ба оташ кашад.

Ва аз тарафи дигар ҳиҷоб яке аз аҳкоми зарурии Ислом ба шумор меояд[1] ва ҳамаи мазоҳиб бар он иттифоқи назар доранд.

Дар Қуръони Карим ва ривояти расида аз Паёмбар(с) ва хонадонаш ва низ дар суханони фуқаҳо, ба вуҷуби ҳиҷоб ва кайфияти он тасреҳ шудааст. Ислом аз инҳирофот ва ё зиёдаравӣ ва кутоҳие, ки дар пӯшиши занон вуҷуд дошта парҳез намуда ва дар қонунгузорӣ ҳадди мутаносиб бо хостаҳои инсониро дар назар гирифтааст.

Дар ҳиҷоби исломӣ осонгириҳои зарарнок ва сахтгириҳои бедалел вуҷуд надорад. Ҳиҷоби исломӣ он гуна, ки таммаддун ё фарҳанги ғарб таблиғ мекунад, ба маънои ҳабси зан дар хона ё парданишинӣ ва дурӣ аз ширкат дар масоили иҷтимоӣ нест, балки ба ин маъно аст, ки зан дар муоширати худ бо мардони бегона мӯи сар ва андоми хешро бипӯшонад ва ба ҷилвагарӣ ва худнамоӣ напардозад. Чун майл ба худнамоӣ ва худороӣ, махсуси занон аст ва дар ҳеҷ ҷои дунё собиқа надорад, ки мардон аз либосҳои баданнамо ва ороишҳои таҳриккунанда истифода кунанд. Инҳирофи худнамоӣ ва бараҳнагӣ, аз инҳирофоти махсуси занон аст. Ба ҳамин хотир дастури ҳиҷоб низ барои онон муқаррар шудааст. Аммо ин тавр нест, ки мардон ҳиҷоб надошта бошанд, онон низ ҳиҷоб доранд, аммо ҳиҷоб ба он маънои мавриди назар, ки дар занон аст, дар мардон нест; зеро ки табиати зан ва мард бо ҳам фарқ дорад, вале аз назари луғавӣ, ҳиҷоб ба маънои пӯшиш ва сатр ва марзи зану мард аст ва ин пӯшиш ва сатр ва марзро мардон ҳам бояд дошта бошанд. Аммо ҳиҷоб ба маънои истилоҳӣ бештар барои занон ба кор меравад ва вақте зан аъзои худро ҷуз рӯй ва дуто кафи даст аз номаҳрам бипӯшонад ва андозаи шаръие, ки дар Ислом баён шудаастро риоят намояд, мегӯянд ҳиҷобро риоят кардааст. Ва дар Қуръони Карим ва ривоёт ба ин матлаб ошкоро ишора шудааст, ки дар бораи он тавзеҳ хоҳем дод.

Ба назар мерасад, ки ҳукми вуҷуби ҳиҷоб дар соли шашуми ҳиҷрат ташреъ гардид. Шоҳид бар он, оёти сураи Нур аст, ки достони маъруфи Ифк дар он омадааст. Дар ҳамин замон буд, ки мунофиқин дар садад баромаданд бо эҷоди шоеа ва овоза дар бораи занони Паёмбар(с) ва бо дуруст кардани музоҳиматҳое барои занони озода ба баҳонаи каниз ҳисобидани онҳо қалби Паёмбар(с) ва мусалмононро ҷариҳадор бикунанд. Ба дунболи ин авзоъ ва шароит буд, ки Худованд оёти марбут ба пӯшишро барои бозгуӣ ба уммат нозил фармуд.


[1] . Баъзе аз фуқаҳои муосир мегӯянд: Асли ҳукми ҳиҷоб аз заруриёти дини Ислом аст ва мункири он ҳукми мункири зарурӣ маҳкум ба куфр аст, магар ин ки маълум бошад, ки мункири Худо ё Расул нест.