Ирфон ва тасаввуфи амалӣ ва назарӣ



Қабл аз ҳар чиз шоиста аст ёдовар шавем, ки ҳар мактабу системае, ки ба навъе иддаои ба саодат расондани инсонро дорад, аз ду бахш иборат мебошад: амалӣ ва назарӣ. Зеро дар маҷоли саодати инсон, аз тарафе як силсила дастурҳо ва фармонҳо барои инсон меоварад ва мегӯяд, ки бояд чунин кунад ва чунон накунад ва ба иборати возеҳ, як силсила “бояд”‒ҳо ва “набояд”‒ҳо барои ӯ меоварад. Аз тарафи дигар, ин “бояд”‒ҳо ва “набояд”‒ҳояш, ночор бар навъе фалсафа ва тафсиру таҳлил дар бораи ҳастӣ, ҷаҳон ва инсон такя дорад, ки чун ҳастӣ чунин аст ва ё инсон чунон аст, пас бояд ин чунин ё он чунон кунад ё накунад.

Ба ин “ҷаҳонбинӣ” низ мегӯянд. Пас “ҷаҳонбинӣ” маҷмўае аз бинишҳо, тафсирҳо ва таҳлилҳо дар бораи ҷаҳон ва инсон аст, ки ҷаҳон чунин аст ва ё чунон аст, ин чунин қонун дорад, он чунон пеш меравад, фалон ҳадафро таъқиб мекунад ё намекунад, мабдаъ ва офаридгоре дорад ё надорад, охир дорад ё надорад ва амсоли инҳо. Ё инсон чунин сиришт ва табиате дорад, масалан бо фитрат ва табиати хоссе офарида шудааст ё нашудааст, мухтор ва озод аст ё маҷбур ва монанди инҳо.

Бахши аввал, яъне “бояд”‒ҳо ва “набояд”‒ҳо, бахши амалии он мактабу система ба шумор меояд ва бахши дуюм, яъне ҷаҳонбинӣ, бахши назарии он мебошад.

а) Бахши амалии ирфону тасаввуф:

Бахши амалии ирфон ва тасаввуф иборат аст аз он қисмат, ки робита ва вазифаҳои инсонро бо худаш, бо ҷаҳон ва бо Худо баён мекунад ва тавзеҳ медиҳад. Ин бахш аз ирфон ва тасаввуф, илми “сайру сулук” номида мешавад. Дар ин бахш тавзеҳ дода мешавад, ки соликон ва роҳиёни роҳи Худо, барои ин ки ба тавҳид бирасанд, аз куҷо бояд оғоз кунанд ва кадом манозил ва мароҳилеро бояд ба тартиб тай кунанд ва дар манозили байни роҳ, чӣ аҳволе барои онон рух медиҳад ва чӣ воридоте ба эшон ворид мешавад. Албатта ҳамаи ин манозил ва мароҳил бояд таҳти назар ва муроқибати як инсони комил ва пухта, ки қаблан ин роҳҳоро тай карда ва аз расму роҳи манзилҳо огоҳ аст сурат гирад ва агар ҳиммати инсони комиле бадрақаи роҳ набошад, хатари гумроҳӣ аст.

Албатта тавҳиде, ки охирин мақсади сайру сулуки орифу сӯфӣ мебошад, бо тавҳиди мардуми оммӣ ва ҳатто тавҳиди аҳли ҳадису мутакаллимону фалосифа аз замин то осмон мутафовит аст.

Тавҳиди ориф яъне мавҷуди ҳақиқӣ танҳо Худост ва ҷуз Худо ҳар чи ҳаст, “намуд” аст, на “буд”. Тавҳиди ориф яъне “ҷуз Худо ҳеҷ нест”. Тавҳиди ориф яъне тайи тариқ кардан ва расидан ба марҳалаи ҷуз Худо ҳеҷ надидан.

Ин марҳала аз тавҳидро мухолифони орифону сӯфиҳо таъйид намекунанд ва аҳёнан онро куфру илҳод мехонанд, вале орифон мӯътақиданд, ки тавҳиди ҳақиқӣ ҳамин аст ва соири маротиби тавҳид холӣ аз ширк нест. Аз назари орифону сӯфиҳо расидан ба ин марҳала, кори ақлу андеша нест, балки кори дилу муҷоҳида, сайру сулук, тасфия ва таҳзиби нафс аст.

б) Бахши назарии ирфону тасаввуф:

Бахши дигари ирфон ва тасаввуф, марбут аст ба тафсири ҳастӣ, яъне тафсири Худо, ҷаҳон ва инсон. Ирфон ва тасаввуф дар ин бахш монанди илми фалсафа аст ва мехоҳад ҳастиро тафсир намояд, албатта бо ин фарқ, ки фалсафа дар истидлолоти худ танҳо бар асосҳо ва усули ақлӣ такя мекунад, аммо ирфону тасаввуф усули кашфшуда аз тариқи риёзату таҳзиби нафсро мояи истидлол қарор медиҳад ва он гоҳ онҳоро бо забони ақл тавзеҳ медиҳад.



1 2 next