Аҳком ва одоби масҷид



а) Мустаҳабботи масҷид

Ихлос

214.Паёмбари Худо(с): Ҳар кӣ барои чизе ба масҷид биравад. Ҳамон баҳраи ў мешавад.

215.Паёмбари Худо(с): Растохез намешавад, магар то он ки мардум дар масҷидҳо ба якдигар фахр фурўшанд.

Покизагӣ

216.Паёмбари Худо(с): Худованди Таборак ва Таоло фармуд: “Хушо бар бандае, ки дар хонааш вузў созад, сипас маро дар хонаам дидор кунад”.

217.Паёмбари Худо(с): Ҷуз покиза, ворид масҷидҳо машав, ки ҳар кас нопок ба масҷиде дарояд, масҷид бо ў дар ситез аст.

218.Имом Содиқ(а): Ба масҷидҳо дароед, ки хонаҳои Худованд дар рўзи заминанд ва ҳар кас покиза вориди онҳо шавад, Худованд ўро аз гуноҳонаш пок мекунад ва номаш дар зумраи дидоркунандагони Худованд навишта мешавад.

Баррасӣ кардани кафш

219.Паёмбари Худо(с): Наздики дарҳои масҷид кафшҳои худро баррасӣ кунед.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 next