Сираи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) - I



Аллома Файзи Кошонӣ

Қисмати 1

Қуръон ва адаби Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)

Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нисбат ба Қуръон бисёр фурўтан ва ба Худои Мутаол бисёр залил буд. Ў бардавом аз Худо мехост, ки ўро ба одоби зебо ва ахлоқи некў биёрояд. Дар дуояш мегуфт:

“Парвардигоро! Ҳам халқ ва ҳам хулқамро[1] некў соз”.[2]

Ва низ мегуфт:

“Парвардигоро! Маро аз ахлоқи нописанд дур соз”.[3]

Худои Мутаол чун ваъда дода, ки: “Маро дуо кунед, бароятон иҷобат хоҳам намуд”,[4] дуои он ҳазратро иҷобат намуда, Қуръон бар ў фуруд фиристод ва ба воситаи он ўро адаб дод. Ва хулқи он ҷаноб, ба як сухан, худи Қуръон буд.

Ҳамоно адаб додани Худои Таоло он ҳазратро ба воситаи Қуръон, ба мисли ин фармудаи Ў сурат пазируфта, ки:

“Тариқаи афв ва бахшиш пеш гир ва ба хубиҳо дастур бидеҳ ва аз нодонон рўй гардон”.[5]



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 next