Фарҳанги масҷид




Deprecated: Function eregi_replace() is deprecated in /home/tajalshia/public_html/page.php on line 99

Deprecated: Function split() is deprecated in /home/tajalshia/public_html/page.php on line 103

Паёмбари Худо(с) фармуд: Масҷидҳо бозоре аз бозори охиратанд. Ҳар кас вориди он шавад, меҳмони Худост. Пазироӣ дар он, омурзиш аст ва дурудаш (ба касе, ки ворид мешавад) арҷманд доштан аст. Пас барои суд ҷустан бикўшед.

5-6.Подоши шабона ба масҷид рафтан

133.Пайғамбари Худо(с), дар баёни сухани Худованд: Худованди Таборак ва Таоло мефармояд: “Роҳиёни ҳамешагии масҷидҳо дар торикиҳоро ба нури тобандаи рўзи растохез мужда деҳ”.

135.Пайғамбари Худо(с): Ҳар кӣ дар торикии шаб, ба сўи масҷидҳо равона шавд, Худованд дар рўзи растохез, нуре ба вай арзонӣ мекунад.

136.Пайғамбари Худо(с): Онҳое, ки ҳамвора дар торикиҳо ба сўи масҷидҳо раҳсипоранд, фурўрафта дар қаъри раҳмати Худованданд.

137.Пайғамбари Худо(с): Раҳсипорон дар торикӣ ба сўи масҷидҳоро ба нури комил дар рўзи растохез башорат деҳ.

138.“ Ал-усул-ас-ситта ашар”, аз Муҳаммад ибни Мункадир(р): Дар шаби торике Имом Боқирро дар ҳоли рафтан ба масҷид мушоҳида кардам. Шитобон худро ба ў расондам ва салом кардам. Ҷавобамро дод ва сипас фармуд: Касонеро, ки пайваста дар торикиҳои шаб, равонаи масҷид мешаванд ба нури тобандаи рўзи растохез мужда деҳ.

5-7.Фазилати намоз хондан дар масҷид

139.Пайғамбари Худо(с): Ҳар кас намози шому хуфтан ва намози бомдодро дар масҷид, ба ҷамоат бихонад, гўё тамоми он шабро зинда доштааст.

140.Пайғамбари Худо(с): Намози одамӣ дар хонааш, баробари як намоз аст ва дар масҷиди маҳалла баробар бо бисту панҷ намоз аст ва дар масҷиди ҷомеъ баробар бо панҷсад намоз аст ва дар Масҷид-ул-ақсо барбар бо панҷоҳ ҳазор намоз ва дар масҷиди ман (Масҷид-ун-набӣ) баробар бо панҷоҳ ҳазор намоз аст ва дар Масҷид-ул-ҳаром баробар бо сад ҳазор намоз аст.



1 2 3 4 next