Амали ахлоқӣ кадом аст?



Мутафаккири шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Асосан агар инсон коре ношӣ аз эҳсосот анҷом диҳад – гарчи эҳсосоти навъдӯстона – кори ӯ ба феъли табиӣ бозмегардад. Таърифи феъли табиӣ ин аст, ки инсон кореро аз рӯи ғариза анҷом диҳад, хоҳ ғаризаи фардӣ ва хоҳ ғаризаи ҷамъӣ.

Феъли ахлоқӣ он аст, ки аз ҳамаи ин гуна ағроз муназзаҳ (буда) ва ношӣ аз эҳсоси таклиф бошад; яъне шахс ҳарчи виҷдон ва вазифа ва таклиф иқтизо мекунад, анҷом диҳад ва ҳеч ғоят ва ҳадафе аз кори худ ҷуз анҷоми таклиф надошта бошад. Ҳол, агар бипурсем, таклиф куҷост, мегӯянд, дар виҷдони инсон аст, Худо инсонро бо як виҷдон офарида, ки он ғайр аз эҳсосоти навъдӯстона аст.

Виҷдон эҳсоси муқаддасе аст дар даруни инсон, ки ба вай фармон медиҳад, ва феъли ахлоқӣ он аст, ки аз виҷдон сарчашма бигирад. Виҷдон дар мактаби Эмонуел Конт таъриф шудааст. Ӯ барои виҷдони инсон арзиши фавқулодае қоил ва мӯътақид аст, ки инсон виҷдони бисёр асили ахлоқӣ дорад. Ӯ дар бораи итоат аз виҷдон, ҳамон ҳарфро мезанад, ки аҳли имон дар масъалаи ихлос нисбат ба Борӣ Таоло мезананд (ва мегӯянд), бандаи мухлис он аст, ки амри Худоро итоат кунад, на барои вусул ба неъматҳои Худо ва на барои тарс аз иқоби Худо, балки чун ӯ амр карда, итоат кунад, гарчи ки бидонад агар анҷом диҳад, биҳиште дар кор нест ва агар анҷом надиҳад, ҷаҳаннаме дар кор нест. Ин ҳам назарӣ аст.

Мо ин виҷдонро нафй намекунем, вале мегӯем, ин виҷдон дар ин ҳад, амри сад дар сад таъйидшудае аз назари илмӣ нест. Албатта дар ислом ин амри таърифшуда, ки як виҷдони ахлоқӣ дар инсон ҳаст, вале на ба унвони як асли мусаллам, ки натавон дар он хадша ворид кард ва на ба он қувват ва қудрате, ки Конт мегӯяд, ки дар руҳ ва ботини ҳар касе чунин нирӯе бо ин сароҳат вуҷуд дорад.

Ин назария, назарияи хубе аст ва ҳамин ки мебинем дар Қуръон аз «нафси лаввома» (нафси маломаткунанда) ва матолиби дигаре аз қабили «Пас бадкорӣ ва парҳезгориашро ба вай (яъне ба нафси одамӣ) илҳом кард» (Сураи Шамс, ояти 8), ёд шудааст, нишон медиҳад, ки аз назари Қуръон, нисбат ба кори бад ва хуб асолате дар инсон ҳаст, яъне вақте инсон кори баде анҷом медиҳад, (дар) дарунаш худро маломат мекунад ва маълум мешавад чизе ҳаст, ки ба (анҷоми) хубӣ ва тарки бадӣ фармон медиҳад ва ба сабаби анҷоми феъли бад инсонро мавриди маломат қарор медиҳад. Дар муқобил, вақте ки инсон кори хуб анҷом медиҳад, розӣ мешавад ва ба навъе, инсонро таҳсин мекунад.[1]

Инсон порае афъолро анҷом медиҳад ё метавонад анҷом диҳад, ки аз ҳадди феъли табиӣ ё ҳайвонӣ, ки ҳар ҳайвоне ба ҳасаби табъу ғариза анҷом медиҳад, болотар аст. Ин афъолро афъоли инсонӣ ё ахлоқӣ меноманд. Манзур ин аст, ки ин афъол дар сатҳи инсон анҷом мешавад ва дар сатҳи ҳайвон сурат намегирад. Ба таъбири дигар, сатҳи ин афъол аз сатҳи як ҳайвон болотар аст. Имрӯз ҳам мебинем хеле шойеъ аст, ки мегӯянд, он кор инсонӣ аст ё ин кор ғайриинсонӣ аст ва рӯи калимаи «инсонӣ» такя мекунанд. Мехоҳанд бигӯянд, як силсила корҳо аст, ки фақат дар сатҳи инсон сурат мегирад.

Бархе гуфтаанд, феъли ахлоқӣ феъле аст, ки ношӣ аз эҳсосоти ғайрдӯстона бошад. Агар чунин гуфтем, феъли ахлоқӣ, ҳам таърифшуда ва ҳам то ҳадде омили иҷрояш шинохташудааст. Таърифаш ин аст, ки коре ки инсон барои худаш мекунад (чун инсон вуҷуди худашро мусалламан дӯст дорад, кореро анҷом медиҳад, ки нафъи он ба худаш бирасад), кори ахлоқӣ нест; ҳамин ки кор аз доираи фардӣ хориҷ гардид ва барои расондани нафъ ба ғайр анҷом шуд, ахлоқӣ аст.

Ин таърифро албатта кардаанд ва мегӯянд, дар ин сурат бояд як силсила афъолро, ки қатъан табиӣ ҳастанд, ахлоқӣ биномем, мисли корҳои модарона – модарҳо чи инсон бошанд ва чи ҳайвон. Усулан, модар эҳсоси ғайрдӯстӣ дорад, вале он «ғайр» танҳо баччааш аст. Ӯ ба ҳукми баччадӯстӣ, як силсила корҳоро анҷом медиҳад ва фидокориҳо мекунад. Албатта инҳо як саре отифаҳои олӣ ва бошукӯҳ ва азим аст, вале наметавон онро ахлоқӣ номид; зеро навъе иҷбор ва илзоми табиӣ ва ғаризӣ ба анҷоми он ҳукм мекунад ва модар дар ҳоле ки нисбат ба фарзанди худ ин гуна муҳаббат мекунад, нисбат ба кӯдакони дигар чунин ҳиссе надорад. Дар воқеъ, кори ӯро наметавон ғайрдӯстӣ номид, балки фарзанддӯстӣ аст ва наметавон ахлоқӣ номид, зеро ахлоқ бояд доираи васеътаре дошта бошад.[2]

Бар асоси назари Конт, виҷдони ахлоқӣ бо саодат чӣ робитае дорад?



1 2 3 next