Ҷамъи ҳезум аз саҳро



Ҷамъи ҳезум аз саҳро

Расули Акрам(с) дар яке аз мусофиратҳо бо асҳобаш дар сарзамини холӣ ва беобу алаф фуруд омаданд. Ба ҳезум ва оташ эҳтиёҷ доштанд.

Фармуд: Ҳезум ҷамъ кунед.

Арз карданд: Ё Расулаллоҳ, ин сарзамин чӣ қадар холӣ аст, ҳезуме дида намешавад.

Фармуд: Дар айни ҳол, ҳар кас ҳар андоза метавонад, ҳезум ҷамъоварӣ кунад!

Асҳоб равонаи саҳро шуданд. Бо диққат ба рӯи замин нигоҳ мекарданд ва агар шохаи кӯчаке медиданд, бармедоштанд.

Ҳар кас ҳар андоза тавонист, зарра-зарра ҷамъ карда ва бо худ оварданд. Ҳамин ки ҳамаи афрод ҳарчи ҷамъ карда буданд, рӯи ҳам рехтанд, миқдори зиёде ҳезум ҷамъ шуд.

Дар ин вақт Расули Худо (с) фармуд: Гуноҳони кӯчак ҳам мисли ҳамин ҳезумҳои кӯчаку ночиз аст. Ибтидо ба назар намеояд, вале ҳар чизе ҷӯянда ва таъқибкунандае дорад. Ҳамон тавре ки шумо ҷустед ва таъқиб кардед, ин қадар ҳезум ҷамъ шуд, гуноҳони шумо ҳам ҷамъ ва ҳисоб мешавад ва як рӯзе мебинед, ки аз ҳамон гуноҳони худ, ки ба чашм намеомад, анбӯҳи азиме ҷамъ шудааст.

(Достони ростон, Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Шикояти ҳамсоя

Шахсе омад ҳузури Расули Акрам(с) ва аз ҳамсояаш шикоят кард, ки маро озору азият мекунад ва оромишу осоиши маро баҳам задааст.



1 2 next