Ҳазрати Муҳаммад(с) аз бузургтарин бузургони торихи инсонӣ



Уилл Дюран: “Агар ба мизони таъсири ин марди бузург дар мардум бисанҷем, бояд бигӯем, ки ҳазрати Муҳаммад(с) аз бузургтарин бузургони торихи инсонӣ аст".

Порае аз дидгоҳҳои андешамандони ҷаҳон дар бораи шахсияти волои Расули Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с)

Лев Толстой:

Нависанда ва файласуфи ахлоқгарои маъруфи русӣ, ки омӯзаҳояш сармашқи раҳбарони бузурги сиёсӣ дар ҷаҳон будааст, дар бораи он ҳазрат (с) гуфтааст (иқтибос аз китоби “Ислом ва араб”-и Густов Лебон, сафаҳоти 154 ва 159):

“Шахси шахиси Паёмбари Ислом сазовори ҳама гуна эҳтиром ва икром мебошад. Шариати Паёмбари Ислом ба иллати тавофуқи он бо ақлу ҳикмат, дар оянда оламгир хоҳад буд.”

Гондӣ:

Моҳотмо Гондӣ, раҳбари фақиди Ҳинд, дар китоби “Ҳинди ҷадид” дар мавриди шахсияти ҳазрати Муҳаммад (с) мегӯяд: “Ҷолиб аст бидонед, ки беҳтарин касе ки имрӯза бидуни ҳеч чуну чарое дар қалби миллионҳо инсон ҷо гирифта, Муҳаммад (с) аст. Аз ин ҷо, ман мутақоид шудаам, ки ин шамшер набуд, ки дар он рӯзҳо мардуми зиёдеро таслими ислом кард. Муҳаммад (с) сахт содазист буд. Мисли дигар паёмбарон муттақӣ ва паҳезгор буд. Ба шиддат амонатдор буд. Азхудгузаштагии шадид нисбат ба дӯстон ва пайравон, ҷасорат, бебокӣ ва таваккули мутлақ ба Худо дар рисолати шахсӣ, аз вижагиҳои Муҳаммад (с) буд. Қабл аз ин вижагиҳо, ӯ ба ҳеч ваҷҳ аз шамшер барои бардоштани саддҳои ҷилави роҳи худ истифода намекард.”

Ломортин:

“Агар бузургии ҳадаф, кам будани абзор ва расидан ба натоиҷи шигифтангез, се меҳвари санҷиши ҳуши башарӣ бошад, чӣ касе иддаои муқоисаи бузургмардони торихи кунуниро бо Муҳаммад (с) дорад? Номовартарин мардумон фақат артиш, қавонин ва фармонравоиҳоро эҷод кардаанд. Агар нагӯем, ончи бунёд ниҳодаанд, чизе нест, бояд гуфт, чизе бештар аз қудрати моддӣ, ки ғолибан дар чашм ба ҳам задан фурӯ мепошад, эҷод накардаанд.

Ин мард (Муҳаммад (с)) на фақат артишҳо, қавонин, фармонравоӣ, мардумон ва силсилаҳо, балки миллионҳо нафар; яъне як севвум аз сокинони ин ҷаҳон ва ҳатто бештар аз онро ҳаракат дод. Ӯ парастишгоҳҳо, худоён, адён, ақоид, андешаҳо ва нуфусро мутаҳаввил кард. Сабри ӯ дар пирӯзӣ, баландҳимматии ӯ, ки тамоман дар ҷиҳати як ақида буд, на навъе талош барои фармонравоӣ, намозҳои бениҳояти ӯ, замзамаҳоми сиррии ӯ бо Худо, марги ӯ ва пирӯзии ӯ баъд аз марг, нишонаи имони росих аст. Муҳаммад (с) як муаллими мазҳабӣ, як муслиҳи иҷтимоӣ, як раҳбари ахлоқӣ-маънавӣ, таҷассуми бузурги иҷроӣ кардани умур, дӯсте бовафо, ҳамнишини зебо, шавҳари алоқаманд ва падаре бомуҳаббат буд. Ҳамаро бо ҳам дошт. Марди дигаре дар торих нест, ки дар ҳар кадом аз ин ҷанбаҳои мухталифи зиндагӣ, бар ӯ бартарӣ ёбад, ё бо ӯ баробарӣ кунад. Фақат он шахсият навъе дӯст буд, ки чунин камолоти боварнакарданиро дар худ ҷамъ карда буд.”



1 2 next