Фарҳанги масҷид-I



 Навиштаи Шайх Муҳаммад Муҳаммадии Райшаҳри

Даромад / Вожашиносии масҷид

Пайғамбари Худо(с): Худованди Таборак ва Таоло фармуд: “Огоҳ бошед, ки хонаҳои ман дар замин, масоҷиданд, ки монанди дурахшиши ситорагон барои аҳли замин, бар осмониён, нурафшонӣ мекунанд”.

Вожаи масҷид дар луғат, исми макон ва аз решаи “саҷда” ба маънои сар фуруд овардан ва изҳори тазаллул ва хоксорӣ аст.

Ибни Форис менависад:

“Сину ҷиму дол, (саҷада), дорои як маънои аслӣ ва фарогире аст, ки бар фурўтанӣ ва хоксорӣ далолат мекунад. Вақте гуфта мешавад: Саҷада (саҷда намуд), ки шахс фурўтанӣ карда бошад ва ҳар он чӣ хоксорӣ кунад, саҷда кардааст”.

Дигар луғатшиносони араб низ бо иборати мушобеҳ, ҳамин мазмунро таъйид кардаанд. Бинобар ин, чунон ки гуфта шуд, дар забони арабӣ “суҷуд” ба маънои хоксорӣ ва сар фуруд овардан дар баробари дигарӣ аст ва масҷид ба маънои макони чунин иқдоме аст.

Масҷид дар фарҳанги Қуръон ва ҳадис

Дар фарҳанги Қуръон ва ҳадис, суҷуд на танҳо ба маънои сар фуруд овардан, балки ба маънои сар бар хок ниҳодан низ ҳаст. Аз ин рў, суҷуд ба ғояти хузўъ, тафсир шудааст ва бар ин поя, масҷид дар фарҳанги исломӣ ҷойгоҳи махсусе дорад, ки дар он, инсони нотавон ва ниёзманд, бо хузўъ ва курниш дар баробари азамати Офаридгори тавоно ва бениёз, бо ў иртибот барқарор мекунад.

Албатта, инсон ҳама ҷо метавонад дар баробари азамати илоҳӣ, сар фуруд оварад ва аз ин тариқ бо вай робита барқарор намояд; вале агар маконе бо қасди қурбат ба ин кор ихтисос ёбад, масҷид номида мешавад.[1]



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 next