Тавсияҳои Расули Акрам(с) ба Алӣ ибни Абутолиб(р)



Расули Акрам(с) ба Алӣ(р) фармуданд: Ё Алӣ, се хислат аз ахлоқи некӯ дар дунё ва охират аст: касе, ки ба ту ситам карда аз вай даргузарӣ, бо касе, ки бо ту қатъи иртибот кардааст, иртибот барқарор кунӣ, дар баробари касе, ки аз рӯи нодонӣ сабаби ранҷишу нороҳатии ту шудааст, сабур бошӣ.

Имом Содиқ бавоситаи падарони гиромиаш, аз Амиралмӯъминин Алӣ(р) нақл мефармояд, ки Расули Акрам(с) ба Алӣ(р) фармуданд: Ё Алӣ, туро васияте мекунам, ки онро муҳофизат кун, пас модоме ки васияти маро мавриди амал қарор диҳӣ, дар хайру саодат хоҳӣ буд:

Ё Алӣ, ҳар кас хашми худро фурӯ хӯрад, дар ҳоле ки қудрат бар интиқом дошта бошад, Худованд рӯзи қиёмат ӯро дар маҳалли амне қарор хоҳад дод ва таъми афвро хоҳад чашид.

Ё Алӣ он кас, ки барои дину дунёи ту суде надорад, хайре дар ҳамнишинӣ бо ӯ нест.

Ё Алӣ, шоиста аст, ки мӯъмин дорои ҳашт хислат бошад:

Виқор дар ҳамнгоми мусибатҳои бузург, сабру шикебоӣ ҳангоми гирифторӣ, сипосгузорӣ ҳангоми вусъати зиндагӣ, қаноат ба ончи ки Худованд ба ӯ додааст, зулм накардан ба душманон, таҳмил накардани худ ба дӯстон, гирифтани нороҳатӣ бар хештан ва осоиши мардум аз дасти ӯ.

Ё Алӣ, хушо ба ҳоли касе, ки умраш ба дароз кашад ва кирдораш некӯ бошад.

Ё Алӣ, чаҳор амал аст, ки агар инсоне муртакиб шавад, подоши онро зуд дармеёбад: марде, ки ба ӯ некӣ мекунӣ ва ӯ дар баробари некии ту бадӣ мекунад; касе, ки бо ӯ душманӣ надорӣ ва ӯ бо ту душманӣ мекунад; касе, ки бо ӯ ҳампаймон шудаӣ ва ба аҳди худ вафо кардаӣ, вале ӯ ба ту хиёнат кардааст; касе, ки бо наздиконаш рафтуомад дошта бошад, аммо онҳо бо ӯ қатъи раҳм кунанд.

Ё Алӣ, се чиз аз макорими ахлоқ ва ахлоқи некӯ дар дунё ва охират аст: касе, ки ба ту ситам карда аз вай даргузарӣ, бо касе, ки бо ту қатъи иртибот кардааст, иртибот барқарор кунӣ, дар баробари касе, ки аз рӯи нодонӣ сабаби ранҷиши ту шудааст, сабур бошӣ.

Ё Алӣ, аз чаҳор чиз қабл аз расидани чаҳор чиз ҳарчи зудтар истифода кун: аз ҷавонӣ қабл аз пирӣ, аз тандурустӣ қабл аз беморӣ, аз тавонгарӣ қабл аз тангдастӣ ва аз зиндагӣ қабл аз марг.



1 next