Осори тиловати бардавоми Қуръон



”Эй ҷома бар худ печида! Шабро ҷуз андаке, (ки махсуси истироҳат аст, барои ибодат) бархез. Нисфи шаб (-ро ба ибодат ихтисос деҳ) ё андаке аз нисф бикоҳ ё (миқдоре) бар нисф бияфзо ва Қуръонро шумурда ва рӯшан ва ботааммулу диққат бихон.” (Муззаммил,1-5)

Воқеан чи дунёе шавад дунёи мо ҳангоме ки инсонҳо ба роҳнамоиҳои

Қуръон амал кунанд. Ҷомеае, ки Қуръон аз он ба унвони мадинаи фозила таъбир мекунад.

Дар Қуръон ва ривоятҳои расида аз Расули Худо (с) ва авлиёи илоҳӣ ва ҳамчунин тавсияҳои донишмандон ва бузургони дин, ки вориси паёмбаронанд, ба хондан ва мудовимат доштан бар тиловати Қуръони Карим ташвиқи фаровон шудааст. Қуръони Карим хитоб ба Паёмбар (с) мефармояд: ”Эй ҷома бар худ печида! Шабро ҷуз андаке (ки махсуси истироҳат аст, барои ибодат) бархез. Нисфи шаб (-ро ба ибодат ихтисос деҳ) ё андаке аз нисф бикоҳ ё (миқдоре) бар нисф бияфзо ва Қуръонро шумурда ва рӯшан ва ботааммулу диққат бихон.”[1]

Дар ривояте аз Паёмбар(с) мехонем, ки мефармоянд: “Болотарин ибодати умматам, аз рӯ хондани Қуръон аст.”[2]

Имом Содиқ (р) бо Қуръон зиёд маънус будааст. Молик дар бораи Имом Содиқ (р) мегӯяд: "Муддате назди он ҳазрат рафту омад доштам, ки ӯро аз се ҳол ҳориҷ надидам: ё намоз мехонд, ё рӯзадор буд ва ё Қуръон мехонд."[3]

Имом Хумайнӣ; он марди бузурги торих, ки дунё назири онро кам дидааст, бо Қуръон иртиботи амиқ ва ҷудонопазир доштаанд ва дар ҳар фурсате Қуръон тиловат мекардаанд. Наздиконаш дар ин робита мегӯянд: "Имом шаб, ки соати 2 бедор мешуданд, чанд ракъат намоз мехонданд ва баъд аз он, то наздики субҳ шурӯъ ба хондани Қуръон мекардан. Баъд аз хондани намози субҳ низ боз ба тиловати Қуръон машғул мешуданд ва соатҳо Қуръон мехонданд. Ин буд, ки ҳаргиз аз Қуръон ғофил нашуданд ва ба дастуроти он ба беҳтарин ваҷҳ амал карданд."

Яке аз фарзандони Имом Хумайнӣ мегӯяд: "Имом дар моҳи мубораки Рамазон ҳар се рӯз як давра Қуръонро хатм мекарданд."[4]

Ростӣ, чаро авлиёи илоҳӣ бар мудовимати хондани Қуръони Карим мувозибат мекарданд ва дигаронро низ ташвиқ менамуданд? Ҳикмати мудовимат бар тиловати Қуръон чист?

Касоне, ки бо Қуръон ошноӣ доранд, медонанд, ки сирфи тиловати Қуръон чӣ таъсироти мусбати рӯҳиву равонӣ ва ҳатто таъсироти моддӣ бар инсон мегузорад. Паёмбар (с) ба Алӣ (к) мефармояд: “Эй Алӣ! Се чиз дар тақвияти ҳофиза ва аз байн бурдани балғам муассир аст: лабаниёт, мисвок ва хондани Қуръон."[5]



1 2 next