Одоби муошират дар сираи Пайғамбари Акрам(с)



Имом Содиқ(р) ба Буҳри Саққоъ фармуданд: Эй Буҳр, хушрафторӣ боиси осонии корҳо мешавад ва ҳамчунин шодиовар аст... Сипас ҳадисе нақл карданду гуфтанд: "Расули Худо(с) хушрафтор буданд..."

Ҳазрати Алӣ(р) мефармоянд: Расули Худо(с) чунон буданд, ки аз некиҳояшон қадрдонӣ намешуд, дар ҳоле ки некиҳои он ҳазрат(с) бар қурайшу арабу аҷам мерасид. Кист, ки зиёдтар аз Расули Акрам(с) ба ин мардум некӣ карда бошад...

Ба ривояти Дайламӣ, Расули Худо(с) либосашонро худ медӯхтанд, пойафзолашонро худашон медӯхтанд, гӯсфандонро худашон меҷӯшиданд, бо ғуломон ғизо мехӯрданд, ба замин менишастанд, ба маркаб савор мешуданд ва каси дигарро бар пушташон савор мекарданд. Расули Худо(с) шахсан аз бозор харид мекарданд ва ба хона мебурданд ва аз ин кор шарму ҳаё намекарданд.

Бо сарватманду камбағал даст медоданд ва дасташонро намекашиданд, то тарафи муқобил дасташро бикашад.

Бо ҳар кас рӯ ба рӯ мешуданд, чи бой, чи камбағал, чи калону хурд, салом мекарданд. Ба ҳарчи, ки даъват мешуданд онро ночиз намешумурданд, гарчи пасттарин навъи хурмо буд.

Он Ҳазрат(с) камхарҷ, баландтабъ, хушмуоширату хушрӯ буданд. Ҳамеша лабханд бар лаб доштанд, вале баланд намехандиданд, ғамгин ба назар меомаданд, аммо гирифта набуданд. Фурӯтану бетакаббур буданд, аммо худро назди дигарон хору залил намекарданд, бахшанда буданд, аммо исроф намекарданд, бо ҳамаи мусалмонон нозукдилу меҳрубон буданд, ҳаргиз аз серӣ оруғ надоданд ва ҳаргиз ба касе бадивӣ накарданд.

Ба ривояти Табарсӣ , Расули Худо(с) ба оина нигоҳ карда мӯи сарашонро шона мекарданд ва баъзе вақтҳо ба об нигоҳ мекарданду мӯи сарашонро мураттаб мекарданд. На фақат барои хонадонашон, балки барои ёронашон ҳам худро меоростанду мефармуданд: "Худованд дӯст дорад, ки бандааш вақте ки барои дидани бародарон аз хона берун меравад, худро тозаву ороста намояд".

Расули Акрам(с) фармуданд: Панҷ чиз ҳаст, ки то вақти марг аз онҳо даст барнамедорам:

Якум: Рӯи замин бо ғуломон ғизо хӯрдан.

Дуюм: Бар маркаби полондор савор шудан.



1 2 3 next