Номае ба Абузар(р)



Ҳамсояи нав

Марди ансорӣ хонаи ҷадиде дар яке аз маҳаллоти Мадина харид ва ба он ҷо кӯчид. Тоза фаҳмид, ки ҳамсояи номуносибе насиби вай шудааст.

Назди ҳазрати Расули Акрам(с) омад ва арз кард: Дар фалон маҳалла, байни фалон қабила хонае харидаам ва ба он ҷо кӯч намудаам. Мутаассифона наздиктарин ҳамсояи ман шахсе аст, ки на танҳо вуҷудаш барои ман хайру саодат нест, балки аз шарраш низ дар амон нестам. Бовар надорам, ки маро роҳат бигузорад.

Расули Акрам(с) чаҳор нафар аз саҳобагонро маъмур кард, ки бо садои баланд дар масҷид ба умуми мардум иблоғ кунанд, ки “Ҳар кас, ҳамсоягонаш аз озори ӯ дар амон набошанд, имон надорад!”

Ин эълон дар се навбат такрор шуд. Баъд Расули Акрам(с) бо дасти худ ба чаҳор тараф ишора карда ва фармуд: Аз ҳар тараф то чиҳил хона ҳамсоя маҳсуб мешавад.

(Достони ростон)

Номае ба Абузар(р)

Номае ба дасти Абузар расид, онро боз кард ва хонд. Аз роҳи дур омада буд. Шахсе ба василаи нома аз ӯ дархости насиҳати пурмаъное карда буд. Ӯ аз касоне буд, ки Абузарро мешинохт, ки чӣ қадар мавриди таваҷҷӯҳи Расуи Акрам(с) буда ва Расули Акрам(с) чӣ қадар ӯро мавриди иноят қарор медод ва ба суханони баланд ва пурмаънои хеш ба ӯ ҳикмат меомӯхтааст.

Абузар дар посухи нома фақат як ҷумла навишт, як ҷумлаи кӯтоҳ: “Бо он касе, ки беш аз ҳамаи мардум ӯро дӯст медорӣ, бадӣ ва душманӣ макун!” - номаро баст ва барои ӯ фиристод.

Он шахс баъд аз он ки номаи Абузарро боз карда ва хонд, ҳайрон шуд ва нафаҳмид. Бо худ гуфт: Маънои “Бо он касе, ки беш аз ҳамаи мардум ӯро дӯст медорӣ, бадӣ ва душманӣ макун”, яъне чӣ? Ин маълум ва рӯшан аст, ки бояд ин тавр бошад.

Магар мумкин аст, ки одаме маҳбубе доша бошад, он ҳам азизтарин маҳбубҳо ва бо ӯ бадӣ бикунад? Бадӣ кардан як тараф, молу ҷону ҳастии худро дар пои ӯ мерезад ва фидо мекунад.



1 2 next