Намози ҷамоат



Сайидбурҳони Акбар

Яке аз сабабҳои аслии ташреи намози ҷамоат дар дини Ислом иттиҳоди қулуб дар амри Худоӣ аст. Мӯъминон дар як сафу ҷамоат, амре аз авомири Худоро иҷро мекунанд ва ҳамроҳии онҳо, дили ҳар кадомро дар роҳи мустақим мустаҳкам мегардонад, ин иҷтимоъ, ки аз ду нафар то ҳазорон ва садҳо ҳазор нафар метавонад афзун гардад, роҳкоре аст барои омӯзиши ҳамроҳ ва ҳамнавъ будани инсонҳо. Авҷи ин ҳамроҳ буданро дар ҷамоате, ки дар ҳаҷҷи иброҳимӣ барпо мешавад метавон мушоҳида намуд.

Дини Ислом, ки як дини иҷтимоӣ ва башарӣ ва барои ҳамаи инсонҳо дар ҳар замону макон аст, бо ин гуна амалҳои ҷамъӣ сохтори башариро ба сӯӣ ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамёрӣ ҳидоят мекунад, ин дар ҳолест, ки қудрати иттиҳод ва инсиҷоми уммати Исломро бар шаётин нишон медиҳад.

Намозҳои панҷгона, намози ҷумъа, намозҳои ид ва дигар намозҳое, ки ҷамъияти зиёдеро бо як ҳадаф пушти як имом ҷамъ мекунад ва бо як такбир ба саф ва ҳамду санои Холиқ машғул мегардонад ва бо такбире ҳамаро бо назми хос ба рукуъ ва суҷуд мебарад ва бо ташаҳҳуду салом ва салавот бар Паёмбар ва хонадонаш, бо як салом ба зиндагии рӯзмарра бармегардонад; агар фақат барои Худованд бошад, фармони илоҳӣ ва бар тибқи суннати Худованди Раҳмон, ки фармуд: Ба дурусти намоз (шуморо) аз фаҳшо ва мункарот (гуноҳ) дур мекунад" - бояд ҷомеаро бисозад ва бадиҳоро бисӯзад, аммо агар инчунин нашуд, пас айб дар намозамон аст.

Албатта мумкин аст, касоне бошанд, ки намозашон саҳеҳ набошад, аммо ба лутфи Худованд ва ҳикмат ҳамон ҷамоат, ҳатто онҳоро ҳам дар сафи қабулшудагон хоҳем ёфт. Чунон ки қатраи об зуд фосид мешавад, аммо агар обҳо ҷамъ шаванд фосид шуданашон осон нест, балки бисёре аз фасод ва нопокиҳоро бо худ хоҳад шуст.

Пас намози ҷамоат ҳам метавонад ҷомеаро ба сабаби он ки ҷамъе аз он намозхонҳо пок ҳастанд, ба покӣ бикашонад ва раҳмати илоҳиро барои ҳамаи мардум нозил гардонад.

Намоз аз аркони Ислом аст

Дар ривоёт намоз дар канори ҳаҷ, рӯзаву закот аз аркони Ислом муаррифӣ шудааст, албатта ҳаҷҷу закот дар моҳият ва ҳақиқати онҳо ҷамоат вуҷуд дорад ва бидуни ҷамоат на ҳаҷ ва на закот муҳаққақ намегардад.

Аммо намозу рӯза мумкин аст, ба танҳоӣ анҷом гиранд. Вале боз метавон ба ҷанбаи иҷтимоии онҳо ва таъсири муҳимми намози ҷамоат ва рӯза бар иҷтимоъ ва ҷамоат зиёд сухан гуфт. Бо як дид метавон гуфт ҳеҷ, ибодате дар Ислом надорем, ки ҷанбаи иҷтимоӣ ва фоидаҳои ҷамъӣ надошта бошад.

Худованд дар сураи Бақара, ояти 43 мефармояд:Намозро бо ҷамоати намоз гузорон барпо намоед.



1 next