Ёрии мазлум аз манзари Қуръон ва суннат



Расули Худо (с) мефармоянд: “Касе, ки шабро ба субҳ расонад ва нисбат ба сарнавишти мусалмонон (бетафовут буда ва) аҳамияте ба харҷ надиҳад, мусалмон нест”.

Дифоъ аз ситамдидагон ва мазлумон ва ёрӣ расондан ба онон ба унвони як вазифа ва таклифи шаръӣ қаламдод шудааст. Дар Қуръони Карим, оёти фаровоне мақулаи зулм ва ситамгариро аз зовия ва дидҳои мухталиф матраҳ намудааст. Дар ин навиштор, оёт ва ривоётеро ёдовар хоҳем шуд, ки ба навъе, дифоъ аз мазлум ва ёрӣ ва ҳимоят аз ситамдидагонро гӯшзад менамояд.

Ёрии мазлум аз манзари Қуръон

Худои Субҳон дар сураи Анфол овардааст: ”Агар гурӯҳе (мӯъминони муҳоҷир) ба хотири ҳифзи дину ойинашон аз шумо ёрӣ талаб кунанд, бар шумо лозим аст, ки ба ёрии он бишитобед”. Ояти шарифа бо камоли сароҳат мусалмононро мулзам менамояд, то ба ёрии бародарони динии худ, ки мавриди зулму ситам қарор гирифтаанд шитофта ва ба вазифаи динии худ амал намоянд.

Дар ояте дигар, Қуръони Карим касонеро, ки нисбат ба кӯмак ва ёрии ситамдидагон сукут, хомӯшӣ ва бетафовутӣ ихтиёр кардаанд ва қиём намекунанд, сарзаниш ва маломат намуда, мавриди савол қарор медиҳад ва мегӯяд: “Чаро дар роҳи Худо ва дар роҳи мардон ва занону кӯдаконе, ки (ба дасти ситамгарон) тазъиф шудаанд, намеҷангед, ҳамон афроди (ситамдидае), ки мегӯянд: Худоё! Моро аз ин шаҳр, ки аҳли он ситамгаранд берун бибар ва барои мо аз тарафи худ сарпараст қарор деҳ ва барои мо аз тарафи худ ёру ёваре таъйин фармо”.

Вуҷуби пайкор дар роҳи Худо барои наҷот ва раҳоии мустазъафон аз чанголи ситамгарон ва тавбиху сарзаниши мутахаллифони аз пайкор, матлабе аст, ки аз ин ояти шарифа истифода мешавад. Муаллифи тафсири “Атябул баён” дар зери ҳамин оят мегӯяд: “Аз ин оят истифода мешавад, ки бар мусалмонон воҷиб аст агар диданд мусалмоне гирифтори золиме шудааст, ба қадри қувват ва қудрати худ бояд иқдом кунанд ва рафъи шарри онро бинамоянд.”

Нависандаи тафсири “Осон” низ дар зери ояти мазкур мегӯяд: “Аз сиёқи оят як навъ таҳдид истифода мешавад, ва он ин аст, ки агар мусулмоне таҳти шиканҷаи ситамгарон бошад ва мусалмонони дигар битавонанд ӯро озод кунанд, вале таҷоҳул ва саҳлангорӣ кунанд, машмули таҳдиди ин оят мешаванд ва Худои Тавоно дар мавқеи ҳисоб ононро муохиза ва шиканҷа мекунад.”

Қуръони Карим дар сураи Шӯро мефармояд: “Ва касоне ки ҳаргоҳ ситаме ба онҳо расад, ёрӣ металабанд.” Роғиби Исфаҳонӣ мегӯяд: “Калима “интисор” ва “истинсор” ҳар ду ба маънои талаби ёрӣ аст, бинобар ин тарҷумаи оят ин мешавад: “Ва касоне ки ҳаргоҳ ситаме ба онҳо расад, таслими зулм намешаванд ва ёрӣ металабанд”.

Дар ҳақиқат аз як сӯй мазлум ва ситамдида вазифадор ба муқовимат ва истодагӣ дар баробари золим ва фарёд задану ёрӣ хостан аз бародарони динии худ аст, ва аз сӯи дигар, мӯъминон, ки фарёд ва истиғосаи бародарони динӣ ва ситамдидаи худро мешунаванд, масъул ҳастанд ба нидои онон ҷавоби мусбат дода, ба ёрии онон бишитобанд; зеро муқовимат дар баробари зулм ва ситамгарӣ ва пешгирӣ аз рахна ва нуфузи он дар лояҳои иҷтимоъ бар ҳар касе ки қудрату тавоноии онро дошта бошад, ба ҳукми ақл, шаръ ва фитрат фарз аст. Муаллифи тафсири “Ал анвор” дар зери ҳамин оят мегӯяд: “Аз ҷумлаи воҷиботи фитрӣ, ёрии мазлуму ситамдида аст, ки зулми ситамгарро аз мазлум дафъ намоянд ва дасти ситамгарро аз ситамдида кӯтоҳ намоянд”.

Ёрии мазлум аз манзари ривоёт



1 2 next