Асари ростгӯӣ



Ба дурустӣ, ки Расули Аъзам ҳазрати Муҳамма(с) барои мо улгу ва намуни комили инсоният аст, ки дар ҳар замина ва масъалае, ки бихоҳем метавонем аз зиндагӣ, достонҳо, аҳодис ва ривоятҳои ӯ истифода намоем.

Яке аз он мавориде, ки метавонад барои мо омузанда ва роҳнамо бошад достонҳое аст, ки аз тариқи асҳобу Аҳли  Байт(а) ба мо расида аст.

Асари ростгӯӣ

Нақл аст, ки Паёмбари Аъзам(с) фармуд: Се нафар барои гардиш аз шаҳр берун рафтанд ва ба ғоре, ки дар даруни кӯҳе буд даромаданд. Дар онҷо ба ибодати Худо машғул шуданд. Ногаҳон санге аз болои кӯҳ афтод ва дари ғорро баст. Онҳо дар ғор зиндонӣ шуданд. Бо ҳам гуфтанд: Ба Худо қасам мо аз ин гирифторӣ наҷот намеёбем, магар ин ки ба Худо рост бигӯем. Пас биёед Худоро ба амали холисонае, ки фақат барои ӯ анҷом додаем қасам диҳем, то шояд дари ғор боз шавад ва мо халос шавем, чунки ин гирифторӣ ба хотири гуноҳонамон аст.

Яке аз он се нафар гуфт: Худоё! Ту медонӣ, ки ман замоне шефта ва фирефтаи як зани зебо ва хушсурате шудам ва барои расидан ба ӯ ва ком гирифтан молу сарвати зиёде сарф кардам, вале вақте ба ин ҳадаф расидам ва хостам ба ӯ наздик шавам ба фикри азоби охират ва оташи дузах афтодам ва он корро тарк кардаму худро ба гуноҳ олуда накардам. Худоё ин сангро аз дари ғор дур кун. Ногоҳ диданд, ки санг ҳаракате кард ва сурохие пайдо шуд.

Баъд аз он дуввумӣ гуфт: Худоё ту медонӣ, ки ман чанд нафарро аҷир кардам, то дар замине, ки бароям буд кор мекарданд, то барои ҳар кадом ним дирҳам бидиҳам. Пас чун корро тамом карданд музди онҳоро додам. Яке аз онҳо гуфт: Ман ба андозаи ду нафар кор кардам ва бояд як дирҳам бидиҳӣ ва камтар аз онро қабул намекунам. Ман ҳам ба ӯ як дирҳам надодам. Ӯ ҳам пулашро нагирифту рафт. Ман ҳам ним дирҳамашро сарфи кишоварзӣ кардам ва ризқам бештар шуд, то ин ки баъд аз муддате ҳамон коргар омад ва пулашро аз ман талаб кард. Ман ҳисоб кардам ва дидам, ки пули ӯ ҳудуди ҳаждаҳ ҳазор дирҳам шудааст. Бинобарин  тамоми ин маблағро ба ӯ пардохтам. Худоё ту худ медонӣ, ки ман ин корро ба хотири ту ва ба ҷиҳати тарс аз зоти муқаддасат анҷом додам. Худоё ин сангро аз пеши ғор дур кун. Пас санг каме ҳаракат кард ва нуре аз берун пайдо шуд, ба ҳадде ки ҳамдигарро хуб диданд, вале боз ҳам наметавонистанд берун бираванд.

Севвумӣ гуфт: Худоё! Ту медонӣ вақте падару модари ман дар хоб буданд ман зарфи шире барои онҳо овардам. Хостам замин бигзорам. Тарсидам ҷонваре ба он лаб занад ва нахостам онҳоро бедор кунам, ки нороҳат шаванд. Ба ҳамин далел ширро нигаҳ доштам, то бедор шуданд ва нӯшиданд. Худоё! Агар  медонӣ ин кор фақат барои ризои ту буд, моро аз ин бало наҷот деҳ. Пас санг лағзид ва роҳи онҳо комилан боз шуд ва берун омаданд.

Пас Расули Худо(с) фармуд: Оре ҳар кас ростгӯ (ва дурусткор бошад) наҷот меёбад.