Камоли инсон



Камоли ҳақиқии инсон

Ба тавре ки дар таърифи тарбият гуфтем, манзур аз тарбияти инсон, шукуфо кардани истеъдодҳои ӯст ва чун камоли ҳар мавҷуде низ ҷуз шукуфоии истеъдодҳои ӯ нест, дар сурате ки инсон ба сурати саҳеҳ ва дар як низоми тарбиятии ҳамаҷониба парвариш ёбад, ба камоли навъӣ ва ниҳоии худ хоҳад расид. Ҳоло ҷои ин савол аст, ки камоли ҳакикӣ ва ниҳоии инсон чист?

Қабл аз ин ки ба баҳс дар бораи камоли ниҳоии инсон бипардозем, нахуст бояд ба ин нукта ишора кунем, ки камоли инсон масъалаи қарордодие нест, ки бо тағйири қарордод, тағйир кунад. Албатта мумкин аст аз дидгоҳи афроди мухталиф камол мафҳуми мутанаввее дошта бошад, ба тавре ки ҳатто чизе ки аз назари фарде камол талаққӣ мешавад, аз дидгоҳи фард ё мактаби дигаре нақс талаққӣ гардад; аммо ин ихтилоф дар бардоштҳо ба ин маъно нест, ки камоли инсон воқеан қарордодӣ бошад ва ба назари ашхос ё мактабҳо бастагӣ дорад. Ихтилофи мавҷуд дар миёни мактабҳои мухталиф ношӣ аз нотавонии онҳо аз шинохти камоли ҳақиқии инсон аст, ба тавре ки агар ҳамаи онҳо ба шинохти инсон ва камоли ӯ ноил оянд, дар ин сурат “ихтилоф аз гуфташон берун шудӣ”.

Камоли инсон (ва ҳар мавҷуди дигар) як амри воқеӣ ва як сифати вуҷудие аст, ки инсон дар сурати тайи мароҳили лозим, дар воқеъ ва дар ҳақиқати воҷиди он сифат ва мартаба мегардад, ба тавре ки дар ҳар мартаба аз камол коре аз ӯ сохта аст, ки агар ба он мартаба нарасад, чунин коре аз ӯ сохта нахоҳад буд.                                                                                             

 

Камоли ниҳоии инсон

Ҳоло ки мафҳуми камол равшан шуд, ҷои ин савол аст, ки камоли ниҳоииинсон чист? Он чи ибтидо аз унвони “камоли ниҳоӣ” фаҳмида мешавад, ин аст, ки камолоти ғайриниҳоӣ низ барои инсон вуҷуд дорад, яъне чи басо камолоте ҷанбаи муқаддимӣ ва нисбӣ доранд ва заминаро барои расидан ба камоли ниҳоӣ фароҳам меоваранд; лизо бояд камоли ниҳоиро аз камолоти муқаддамӣ, нисбӣ ва фаръӣ бозшинохт то ҳадафи аслӣ ва ниҳоӣ аз аҳдофи мутавассит ва зимнӣ бозшинохта шавад.

Ончи маҳдудаи фаъолияти ҳар як аз қуввои инсонро таъйин мекунад, таваҷҷӯҳ ба камоли ниҳоии инсон ва муқтазиёти он аст, яъне рушду шукуфоии ҳар як аз қуввои инсонӣ то онҷоки муносибат бо камоли ниҳоии инсон дошта бошад ва муқаддимае лозим барои пайдоиши он бошад матлуб аст.

 

Шинохти камоли ниҳоӣ



1 next