Роҳи наҷот



 

Илёс Қосимов

Ба номи Худованди Бахшандаи

Меҳрубон

Муқаддимаи китоб

Паёмбари бузурги Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар ҳадиси мутавотире роҳеро ба унвони танҳо роҳи наҷоти уммати исломӣ аз гумроҳӣ муаррифӣ кардаанд. Мо дар ин навиштор, ин роҳи наҷотро, ки бешак як масъалаи бисёр муҳим ва сарнавиштсозе аст, мавриди баррасӣ ва дар ихтиёри хонандагон қарор хоҳем дод.

Расули гиромии Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар ин ҳадиси мутавотир уммати исломиро ба пайравӣ аз китоби Худо ва Аҳли Байти худ суфориш намуда ва эълон мефармоянд, ки танҳо роҳи наҷот аз гумроҳӣ, бо пайравӣ аз ин ду ба даст меояд. Бинобар ин ҳар ки хоҳону толиби ризояти Парвардигор ва биҳишти ҷовидон аст, бояд аз ин ду ёдгори Расули Худо ( Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ), ки ба амонат гузоштаанд пайравӣ кунад то саодати абадиро ба даст оварад.

Ин ду амонати он ҳазрат он қадар муҳим аст, ки бино бар эътирофи уламои аҳли суннат, Расули гиромии Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) онро дар се моҳи охири умри шарифи худ дар се чаҳор макон ва замонҳои гуногун ба уммати худ бозгӯ карда ва уммати худро ба пайравӣ ва чанг задан ба он тавсия ва супориш фармудаанд.

Ҳамчунин аз матолиби муҳимми дигар ин ки Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба уммати худ хабар додаанд, ки баъд аз он ҳазрат 12 нафар халифа ва ҷонишинони он ҳазрат хоҳанд омад. Ва аз ҷумлаи ҷойҳое, ки он ҳазрат ин ҳадиси шарифро фармудаанд, дар Ҳаҷҷатул видоъ ва рӯзи Арафа аст. Пас он ҳазрат дар Ҳаҷҷатул видоъ ва дар рӯзи Арафа ба уммати худ, ҳам аз раҳбарии китоби Худо ва Аҳли Байти худ хабар додаанд ва ҳам аз ин ки ин раҳбарони динӣ 12 нафаранд.

Вале мутаассифона хелеҳо огоҳона ё ноогоҳона ба ин аҳодису суфориши он ҳазрат амал намекунанд ва аз он хеле фосила гирифтаанд. Бинобар ин мо хостем дар ин навиштор ин мавзӯъ ва масъалаи муҳимро дар ихтиёри хонандагони азиз тарҳ намоем то иншоаллоҳ роҳнамое дар шинохти ҳақ ва пайравӣ аз он ва расидан ба саодати абадӣ бошад.

Расули гиромии Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар ин ҳадиси мутавотир, танҳо як роҳ ва амал ба онро сабаби наҷот аз гумроҳӣ муаррифӣ фармудаанд. Пас ҳар ки мехоҳад гумроҳ нашавад, танҳо роҳаш ҳамин аст, ки бояд аз китоби Худо ва Аҳли Байти он ҳазрат пайравӣ кунад ва дар ғайри ин сурат, Ислом ва Худованди Мутаол ҳеҷ тазмине ба касе накардаанд.

Пас бо вуҷуди ин ҳадиси мутавотир, ҳеҷ узре дар пешгоҳи Худованди Мутаол нахоҳем дошт!

Ёдовар мешавем, ки мо дар ин навиштор танҳо китобҳоеро овардем, ки ин ҳадисро бо санад зикр кардаанд ва ё дар бораи санади он назар додаанд, вагарна ин ҳадисро садҳо китоби дигар ва уламо дар навиштори худ зикр кардаанд, ки мо ба онҳо ишора накардем.Огоҳон медонанд, ки дар бораи ҳадиси мутавотир қонун ин гуна аст, ки лозим нест ба саҳеҳ ва ё заиф будани санади он таваҷҷӯҳе бишавад, чун ҳадиси мутавотир судураш аз маъсум қатъӣ ва яқинӣ аст ва ҳеҷ шакке дар он роҳ надорад. Аммо бо ин вуҷуд, мо аксари санадҳои ин ҳадиси шарифро баррасӣ ва ба саҳеҳ ё заиф будани санади он ишора кардем. Ва чун ин ҳадис, аз аҳодиси хеле муҳим, ки дар воқеъ дар ҳаққаш хеле кўтоҳӣ ва зулм шуда ва ба мардум бозгў нашуда ва аз мусулмонон пинҳон нигаҳ дошта шуда аст, бинобар ин, барои ин ки хонандаи азиз ба азамати ин ҳадис пай бубарад, мо санадҳои ин ҳадисро низ ҳамроҳи матни арабии он комил овардем, то агар хонандаи азиз худ ҳар кадом аз санадҳои онро хост, метавонад мавриди баррасӣ қарор бидиҳад.

Сақалайн ва маънои он

Пеш аз он ки бо аҳодиси роҷеъ ба Сақалайн ошно шавем, лозим аст бо маънои "Сақалайн"ошно шавем. Бинобар ин ба сухани чанд нафар аз бузургон дар ин маврид ишора мешавад:

Албонӣ - аз муҳаддисони муосири салафӣ - мегӯяд:



1 2 3 4 5 6 7 8 9 next