Фалсафаи беъсати анбиё



Пас аз қарнҳо таҳқиқ ва баррасӣ дар бораи масоили динӣ, ҳануз парда аз асрори бисёре аз онҳо бардошта нашудааст, ки аз ҷумлаи онҳо асрори наҳуфтаи нубувват ва беъсат мебошад. Албатта аз оёти Қуръон метавон истифода кард, ки беъсати паёмбарони илоҳӣ, ба вижа паёмбари Ислом(с) дорои аҳдофе мебошад.

  Дар инҷо бо назар ба оёти илоҳӣ баъзе аз аҳдофи беъсати анбиёро ишора менамоем.

Худованд мефармояд:


هُوَالَّذِي بَعَثَ فِي الْأُمِّيِّينَ رَسُولًا مِّنْهُمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْآيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَإِنكَانُوا مِن قَبْلُ لَفِي ضَلَالٍ مُّبِينٍ

 «Ӯст Худое, ки миёни араби уммӣ(нодон) пайғамбари бузургвор аз ҳамон мардум барангехт, то бар онон оёти ваҳйи Худоро тиловат кунад ва онҳоро пок созад ва шариат ва аҳкоми китоби осмонӣ ва ҳикмати илоҳӣ биёмузад, бо он ки пеш аз ин, ҳама дар вартаи ҷаҳолат ва гумроҳӣ буданд.» с.Ҷумъа, ояти 2

  Аввалин нукта дар ин оят баҳси тиловати оёти илоҳӣ аст. «يَتْلُو» Аз вожаи тиловат ба маънои пайравӣ кардан дар ҳукм ва хондани муназзами оёти илоҳӣ ҳамроҳи бо тадаббур аст.

 Паёмбари Ислом(с) бо хондани оёти Парвардигор ва ошно намудани гӯшу дил ва афкори мардум бо ин оёт, онҳоро омодаи тарбият менамояд.

Дуюмин нукта, баҳси тарбият аст. Яке аз муҳимтарин барномаҳои паёмбари Ислом(с) тарбияти инсонҳост. Тарбият ба маънои фароҳам кардани заминаҳо ва авомил барои ба феълият расондан ва шукуфо намудани истеъдодҳои инсон дар ҷиҳати матлуб. Ӯ бояд заминаҳоро барои инсонҳо омода кунад, то аз назари амалӣ беҳтарин робитаро бо Худои худ (дар ибодот), бо ҳамнавъони худ (иртиботу кор), бо қавонин ва муқаррароти иҷтимоӣ (ҳукумат ва сиёсат), бо хонаводаи худ (ҳуқуқи хонавода) ва бо нафси худ (ахлоқ ва таҳзиби нафс) дошта бошанд, то битавонанд масҷуди фариштагон қарор гиранд.

 Паёмбар(с) мунҷии башарият; Имел Дерменгҳом, донишманди Фаронсавӣ мегӯяд: “Бузург тарин қонун ислоҳ ва таълиму тарбият ҳамон ҳақойиқе аст, ки ба номи ваҳй, қисмат ба қисмат бар Муҳаммад(с) нозил шуда ва имруз ба номи Қуръон дар байни башар вуҷуд дорад”
  Паёмбари Ислом(с) дар муддати кутоҳ, инсонҳоӣ бузургеро ҳамчун асҳоб ва ёронаш тарбият карданд, ки амсоли Алии Муртазо(к), Заҳрои Батул(р) Салмони Форсӣ(р), Абозари Ғаффорӣ(р), Меқдод(р), Билол(р) ва хулафои Рошидин(р) аз он гурӯҳ будаанд.
  Ҳазрати Муҳаммад(с) кошифи маъданҳои наҳуфтаи инсоният буд. Зеро чунон ки гуфтаанд; «
الناس معادن كمـعادن الـذهب و الفـضّة» Мардум монанди маъданҳои тилло ва нуқра ҳастанд

  Инсон дорои истеъдодҳои наҳуфта аст,  ки барои баҳра барии саҳеҳ бояд онҳоро кашф кард, то ба арзиши ҳақиқии худ даст ёбанд.



1 2 next