Дурнамои ҷомеаи исломӣ ҳангоми реҳлати Паёмбар (с)



Сипоҳи Усома

Пештар хонедм, ки дар соли ҳаштуми ҳиҷрат ва дар ҷанги Мута, ки яке аз се фармондеҳи он Зайд ибни Ҳориса буд, лашкари Ислом дар ҷанг бо Румиён шикаст хӯрд ва ҳар се фармондеҳи он ва шуморе аз сарбозони Ислом ба шаҳодат расиданд.

Дар соли нӯҳум низ Расули Худо (с) бо артиши Ислом то сарзамини Табук пешравӣ кард, аммо амалан ҷанге рух надод ва амалиёт дар ҳадди як манёври низомии қудратманд ба анҷом расид.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин собиқаҳо мавзеи душманонаи императори Рум ва қудрати низомии он ҳамвора мояи нигаронии Паёмбари Ислом (с) буд ва ӯ пайваста дар андешаи рӯёрӯӣ бо румиён буд. Аз ин рӯ ҳазрат пас аз бозгашт аз Ҳаҷҷат-ул-видоъ ва вуруд ба Мадина сипоҳе ба фармондеҳии Усома писари Зайд ибни Ҳориса тартиб дод ва аз вай хост, ки то сарзамини Убно (маҳалли шаҳодати падараш) пешравӣ кунад ва бо румиён биҷангад. Расули Худо (с) парчами фармондеҳиро ба Усома супурд ва дастурҳо ва тавсияҳои лозими низомиро содир намуд. Ва ӯ «Ҷурф»-ро урдугоҳ қарор дод, то бақияи сипоҳ низ гирд оянд. Дар ин сипоҳ сарони муҳоҷиру ансор аз ҷумла Абӯбакр, Умар, Абӯубайдаи Ҷарроҳ, Саъд ибни Абӯваққос, Абдурраҳмон ибни Авф, Талҳа, Зубайр, Усайд ибни Хузайр ва Башир ибни Саъд, (Абулаъвар) Саид ибни Зайд, Қутода ибни Нӯъмон ва Салама ибни Аслам ҳузур доштанд.

Паёмбари Ислом (с) ҳангоми дастури эъзоми сипоҳ ҳеҷ касолате надошт, аммо аз фардои он рӯз дучори таб ва беморӣ шуд, ки дар ниҳоят ба реҳлати он бузургвор анҷомид. Дар бистари беморӣ ба Расули Худо (с) гузориш расид, ки гурӯҳе ба иллати ҷавонии Усома ба фармондеҳии ӯ эътироз доранд. Аз ин рӯ ҳанӯз сипоҳ аз Мадина ҳаракат накардааст! Расули Худо (с) бо ҳолати беморӣ ва ранҷурӣ ба масҷид рафту зимни суханоне мардумро барои ҳаракат ва ҳамкорӣ бо сипоҳи Усома ташвиқ намуд ва фармуд:

Мардум! Ин чӣ суханонест, ки аз баъзеи шумо дар мавриди фармондеҳии Усома мешунавам? Агар имрӯз ба фармондеҳии Усома хурда мегиред, қабл аз ӯ ба фармондеҳии падараш низ эътироз доштед, ба Худо савганд, ки Зайд шоистаи фармондеҳӣ буд, писараш низ баъд аз ӯ шоистаи ин мансаб аст....

Расули Худо (с) дар рӯзҳои поёнии умраш ҳоли сахте дошт ва ба ҳолати иғмо фурӯ мерафт ва як бор, ки ба ҳуш омад, аз сипоҳи Усома пурсид, гуфтанд: Омодаи ҳаракат мешавад. Ҳазрат фармуд: «Сипоҳи Усомаро равона кунед, Худо касонеро, ки бо ин сипоҳ ҳамроҳ набошанд, лаънат кунад». Бо вуҷуди ин ҳама таъкиди Паёмбари Ислом (с) дар тамоми чаҳордаҳ рӯзе, ки бемории он ҳазрат тӯл кашид, бо баҳонагириҳои гурӯҳе ва дафъи вақти Усома, ин сипоҳ амалан ҳаракат накард, то он ки пешвои Ислом реҳлат намуд.

Чунон ки қаблан дар ҳодисаи Ғадири Хум тавзеҳ додем, ин ҳодиса аз мавориди равшани сарпечӣ ва тамарруди бархе аз мусулмонон аз фармони сареҳи Паёмбар (с) аст.

Ҳадафи олии Паёмбар (с)

Дар мавриди талоши Паёмбар (с) барои эъзоми сипоҳи Усома нукоту мавзӯоти қобили таваҷҷӯҳе вуҷуд дорад, ки таваҷҷӯҳ ба онҳо лозим ба назар мерасад.



1 2 3 4 next