Аҳамияти ёди Худо



Ҳамон тавр ки дар фасли пеш гуфтем асос дар ахлоқи исломӣ таваҷҷӯҳ ба Худо ва иштиғол ба ёди ӯст, ва усулан руҳи ҳамаи тоот ва  ибодот ва арзишҳои ахлоқиро ёди Худо ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дар ин фасл мустақиллан  ба баҳс дар ин бора мепардозем. Аз назари ислом сарчашмаи қудрати рӯҳӣ ва маънавӣ барои инсон ва танҳо омили саодат ва камоли ӯ таваҷҷӯҳ ба Худо ва иштиғол ба ёди ӯст, ҳамчунон ки ҳамаи гирифториҳои инсон ва ҳатто ҳамаи разоили ахлоқӣ ва маоюби руҳӣ ва амрози нафсонӣ дар асл ношӣ аз ғафлат аз ёди Худо аст.

Дар таолими исломӣ дастуруламалҳои мухталифе вуҷуд дорад, ки ҳар фарди мусалмоне бояд аз тариқи онҳо Худоро ёд кунад то иштиғолоти рӯзмарра ӯро ба куллӣ аз ёди Худо ғофил нагардонад. Намозҳои явмия аз муҳимтарин ва муассиртарин мавориде аст, ки фикр ва руҳи инсонро аз иштиғоли зиндагии рӯзмарра хориҷ ва ба даргоҳи илоҳӣ маътуф мегардонад. Ба тавре ки агар ин фариза мутобиқ бо усул ва мувозине, ки дар шаръ таъин шудааст, анҷом пазирад ва ҳамроҳ бо диққат ва ҳузури қалб ва таваҷҷӯҳ ба маонии алфоз бошад, заминаро барои истимрори ёди Худо дар мароҳили дигари зиндагӣ фароҳам меоварад, он гуна ки шахс битавонад на танҳо дар ҳоли намоз ва ниёиш, балки дар мароҳили дигар низ ба ёди Худо бошад. Таъкиди таолими исломӣ бар дуо аз ҷумла мавориди муҳимми дигаре аст, ки сабаби тақвияти таваҷҷӯҳи инсон ба даргоҳи Худо мешавад. Бо таваҷҷӯҳ ба осори ҳаётбахши ёди Худо, Қуръони Карим дар мавориди фаровоне мӯъмининро ба он фаро хонда ва ба мудовимат дар он, амр фармудааст то мӯъминин бо он оби ҳаёт, дилҳои хешро сероб гардонанд: Эй касоне, ки имон овардаед, Худоро бисёр ёд кунед”.[1]

Ва дар ҷои дигар мефармояд:“Ва ҳангоме ки намозро ба поён расондед, истода, нишаста ва дар ҳоле ки ба паҳлӯ хобидаед Худоро ёд кунед”.[2]

Ва дар тавсияҳои Имом Алӣ(а) ба Имом Ҳасан(а)омадааст: “Дар ҳар ҳол Худоро ёд кун”.[3]

Ҳазрати Расули Акрам(с) хитоб ба асҳоби худ фармуд:

“Оё шуморо огоҳ накунам ба беҳтарин ва поктарин аъмолатон дар пешгоҳи парвардигоратон ва пурарҷтарини онҳо аз назари дараҷа ва манзилат ва чизе ки аз дирҳаму динор ва аз муқобила бо душманон ва шаҳид шудан дар роҳи Худо бароятон беҳтар бошад?

- Гуфтанд: Оре, эй РасулиХудо, - фармуд: Он бисёр ба ёди Худо будан аст.[4]

Ва низ он ҳазрат фармудаанд:

“Ёдкунандаи Худованд дар миёни ғофилон, ҳамчун зиндае дар миёни мурдагон аст ва ҳамонанди дарахти сабз дар миёни гиёҳони хушк ва низ ба сони ҷангҷӯе аст, ки дар миёни фирориён ба ҷанг истад”.[5]

Дар аҳамияти ёди Худо ҳамин бас, ки Паёмбари Худо(с) фармуд: “Аҳли биҳишт барои ҳеҷ чиз ба андозаи соате ки ба ғайри Худо бар онҳо гузаштааст ҳасрат намехӯранд”.



1 next