Маод аз аркони ҷаҳонбинии исломӣ



Яке аз усули ҷаҳонбинии исломӣ, ки аз аркони имонӣ ва эътиқодии дини ислом аст, асли имон ба зиндагии ҷовид ва ҳаёти пас аз ин дунёст. Имон ба олами охират шарти мусулмонист. Яъне агар касе ин имонро аз даст бидиҳад ва инкор кунад, аз зумраи мусулмонон хориҷ аст.

Паёмбарони илоҳӣ пас аз асли тавҳид, муҳимтарин асле, ки мардумро ба он мутазаккир кардаанд ва имон ба онро аз мардум хостаанд, ҳамин асл аст, ки дар истилоҳи уламои илми каломи исломӣ ба номи “асли маод” маъруф шудааст.Дар Қуръони карим ба садҳо оят бармехўрем, ки ба наҳве аз наҳвҳо дар бораи олами пас аз марг ва рўзи қиёмат ва чигунагии ҳашри амвот ва мизон ва ҳисоб ва забти аъмол ва биҳишт ва ҷаҳаннам ва ҷовидонагии олами охират ва дигар масоиле, ки ба олами пас аз марг марбут мешавад, баҳс кардааст, вале дар дувоздаҳ оят расман пас аз имон ба Худо аз “имон ба рўзи охир” ёд кардааст.

Қуръони карим дар мавриди олами қиёмат таъбирҳои мухталифе дорад ва ҳар таъбире бобе аз маърифат аст. Яке аз онҳо “ал-явмул-охир” аст. Қуръони карим бо ин таъбири худ ду нуктаро барои мо ёдоварӣ мекунад:

а) Ин ки ҳаёти инсон – балки давраи ҷаҳон – маҷмўъан ба ду давра тақсим мешавад ва ҳар давраро ба унвони як “рўз” бояд шинохт: Яке рўз ва даврае, ки аввал ва ибтидост ва поён мепазирад (давраи дунё), дигар рўз ва даврае, ки охир аст ва поённопазир аст (давраи охират), ҳамчунон ки дар бархе таъбироти дигари Қуръони карим, аз ҳаёти дунё ба “уло” (яъне аввал) ва аз ҳаёти рўзи охират ба “охират” ёд шудааст.

б) Дигар ин ки ҳамакнун, ки давраи аввал ва нахустини ҳаётро тай мекунем ва ба давраи дуввум ва рўзи дуввум нарасидаем ва аз мо пинҳон аст, саодати мо дар ин рўз ва он рўз ба ин аст ки ба он давра ва он рўз “имон” пайдо кунем. Саодати мо дар ин рўз аз он ҷиҳат баста ба ин имон аст, ки моро мутаваҷҷеҳи аксуламали амалҳои мо мекунад ва мефаҳмем, ки амалҳо ва рафтори мо аз кучактарин андешаҳо ва гуфторҳо ва кирдорҳо ва хулқу хўйҳо гирифта то бузургтарини онҳо, монанди худи мо рўзи аввал ва рўзи охир дорад. Чунин нест, ки дар рўзи аввал поён ёбанд ва нобуд гарданд, балки боқӣ мемонанд ва дар рўзе дигар ба ҳисоби онҳо расидагӣ мешавад. Пас кўшиш кунем, ки худро ва амалҳо ва ниятҳои худро некў созем ва аз андешаҳо ва корҳои бад парҳез намоем ва ба ин тартиб ҳамвора дар роҳи некӣ ва некхўӣ ва некрафторӣ гом бардорем. Ва аммо саодати мо дар он рўз аз он ҷиҳат баста ба ин имон аст, ки – чунон ки баъдан хоҳем гуфт – мояи ҳаёти саодатомез ё шақоватолуди инсон дар он ҷаҳон амалҳо ва рафтори ў дар ин ҷаҳон аст. Ин аст ки Қуръони карим имон ба охират ё рўзи охирро барои саодати башар як амри ҳатмӣ ва лозим мешуморад.

Манбаъ ва маншаи имон ба ҳаёти охират

Манбаъ ва маншаи имон ба зиндагии ҷовид ва ҳаёти охират, қабл аз ҳар чизи дигар, ваҳйи илоҳист, ки ба василаи паёмбарон ба башар иблоғ шудааст.Башар пас аз он ки Худоро шинохт ва ба сидқи гуфтори паёмбарон имон овард ва донист, ки он чӣ ба унвони ваҳй иблоғ мекунанд воқеъан аз тарафи Худост ва тахаллуфнопазир аст, ба рўзи қиёмат ва ҳаёти ҷовиди охиратӣ, ки ҳамаи паёмбарон имон ба онро муҳимтарин асл пас аз тавҳид муаррифӣ кардаанд, имон пайдо мекунад. Аз ин рў дараҷаи имони ҳар фард ба ҳаёти охират аз тарафе бастагӣ дорад ба дараҷаи имони ў ба “асли нубувват” (паёмбарӣ) ва сидқи гуфтори паёмбарон ва аз тарафи дигар бастагӣ дорад ба ин ки сатҳи маорифи инсон то чӣ андоза боло бошад ва тасаввураш аз амри маод ва олами охират чӣ андоза саҳеҳ ва маъқул ва хирадписанд бошад ва тасаввуроти ҷоҳилона ва омиёна дар он роҳ наёфта бошад.

Албатта илова бар роҳи ваҳйи илоҳӣ, ки ба василаи паёмбарон ба башар иблоғ шудааст, як даста роҳҳои дигар – ва ақаллан қаринаҳо ва аломатҳои дигар – барои эътиқод ва имон ба маод вуҷуд дорад, ки натиҷаи талошҳои фикрӣ ва ақлӣ ва илмии худи башар аст ва ҳадди ақал, таъйиде барои дурустии сухани паёмбарон дар бораи маод ва олами охират шумурда мешавад.

Kemyaesaadat



1 next