Сабаб ва авомили фақру надорӣ чист?



Дар ривояте ворид шудааст: Бало ва гирифторӣ барои золим, фарҷом ва муҷозоти зулм аст ва имтиҳон барои мӯъмин ва барои анбиё рутбаву мақом аст ва барои авлиё каромат аст.

Мӯъмин бояд беэътино ба дунё бошад, чаро ки агар дунё дар ихтиёри инсон қарор гирифт, неъмати Худост ва василаи озмоиши инсон аст ва агар аз ӯ боз гирифта шуд, озмоиши дигаре барои ӯ пеш омада ва балоест, ки бояд бар он сабр кард. Албатта сабру бурдборӣ бар фақр, ба ин маъно нест, ки инсон барои рафъи фақр талош накунад, балки ба ин маъност, ки то фақр бартараф нашуда, бар он шикваву бетобӣ накунад.

Худованд бар асоси ҳикмат ва маслиҳат, тақдиротеро бар бандагони худ қарор додааст ва он тақдирот, бо интихоб ва ихтиёри афрод мунофоте надорад, яъне чунин нест, ки афрод маҷбур бошанд ва ихтиёр аз онҳо гирифта шавад. Шароите фароҳам меояд, ки ба ҳар кас қисме ва саҳме аз неъматҳо тааллуқ мегирад ва Худо ҳарчиро барои ҳар кас салоҳ бидонад, дар ихтиёраш мегузорад ва шакке нест, ки ҳамаи инҳо василаи озмоиши инсон аст.

Инсони ҷоҳиле, ки аз маорифи динӣ ва таолими анбиё бебаҳра аст, вақте ба фақр мубтало мегардад, мегӯяд, Худо маро таҳқир кардааст ва ман назид Худо баҳое надоштаам, ки нагунбахтам кард.

“Ва чун Худованд барои озмудан, ӯро тангрӯзӣ ва фақир кард, мегӯяд, Худо маро хор кард”, (Фаҷр, ояти 16).

“Аммо инсон чун Худо ӯро ба ранҷу ғаме гирифтор созад, сипас ба карами худ ӯро неъмате ҷиҳати озмоиш ва имтиҳон бахшад, гӯяд: Худо маро азизу гиромӣ доштааст”, (Фаҷр, ояти 15).

Мӯъмин медонад, Худованд бар ҳар коре қодир аст ва чизе аз доираи ирода, илм ва изни ӯ хориҷ нест ва тадбири мавҷудоти ҷаҳон аз хурду бузург дар дасти ӯст ва авомири оламро аз осмон то замин тадбир мекунад; (Саҷда, ояти 5).

Авомили фақр ва надорӣ

Қуръони Карим илова бар ин ки фақр ва дороиро василаи озмоиш муаррифӣ мекунад, онҳоро фароянд ва бархоста аз илал ва авомиле медонад. Чӣ басо касоне, ки ба фақр мубтало мешаванд, ки фақри онҳо бозтоб ва мукофоти аъмоли зишти онҳост ва ҷазои дунявии рафтори онҳост, ки ба фуқаро раҳм намекарданд ва ба дунболи анбоштани сарват буданд ва ба сарвати худ меболиданд. Ҳар рухдоде рӯи ҳисобу китоб ва ҳикмату маслиҳат аст; чунин нест, ки аз ихтиёри Худо хориҷ бошад, ё Худо ғофил гардад ва дар он ҳол, авзоъ ба ҳам хӯрад ва ногоҳ оташфишоне аз кӯҳе фаввора кашад ва шаҳреро нобуд созад!

Ҷойгоҳи фақирони парҳезгор ва сарватмандони парҳезгор

Паёмбари Акрам (с) мефармоянд: Фақирони парҳезгори уммати ман, зудтар аз дороёни парҳезгори умматам вориди биҳишти Худо хоҳанд шуд, зеро гурӯҳи дуюм маътали пурсишу посухи Худованд дар бораи амволашон мешаванд.



1 2 next